АТОХОҶАЕВ ФАЙЗУЛЛО

10-уми июли соли 1947 дар деҳаи Ғозиёни ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) таваллуд шудааст. Аз соли 1976 узви ИЖ СССР.

Институти давлатии педагогии Ленинобод, факултаи филологияи тоҷикро соли 1970 ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкандро соли 1984 тамом кардааст. Солҳои 1970-72 ходими адабии рӯзномаи ноҳиявии «Бо роҳи ленинӣ» шуда кор кардааст. Аз соли 1973 дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” ходими адабӣ, тарҷумон, ҷонишини котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир шуда кор кард. Солҳои 1990-94 сармуҳаррири ин рӯзнома буд. Солҳои 1994-95 котиби масъули рӯзнома, 1996-98 мудири маркази матбуот ва сармутахассиси маркази матбуоти Раиси вилояти Ленинобод буд.

Моҳи июли соли 1998 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” таъин шуд. Аз соли 2008 мудири шӯъбаи рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» буд, аз соли 2014 то кунун дар рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” фаъолият дорад. Муаллифи як силсила очерку мақолаҳо аст. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.