ОМИЛИ ПЕШРАВӢ

Вазъи чорводорӣ чигуна?

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳар ҷаласаи фаъолони вилоят нисбат ба афзун шудани саршумори чорво дар шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад. Дар ҷаласаи навбатӣ низ оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят доир ба ин масъала дафъатан дастур дода гуфт, ки «чорводорӣ аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт маҳсуб ёфта, зиёд намудани саршумори он аз бисёр ҷиҳат манфиат дорад».

Масъулини ноҳияи Деваштич то кадом андоза дар иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти вилоят чораҳои саривақтӣ меандешанд ва дар ин хусус аз масъулини соҳаи ноҳия пурсон гаштем:

‐Мо ба ин соҳа чун ба соҳаи картошкапарварӣ эътибори ҷиддӣ медиҳем. Бояд ки то соли 2022 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли солонаи ин намуди зироатро ба 500 ҳазор тонна расонем, ‐гуфт зимни суҳбат сардори Идораи кишоварзии ноҳия Мирзо Мирзоев,иқрор бояд шуд, ки се моҳ қабл вазъи соҳаи чорводорӣ чандон қаноатбахш набуд. Биноан, дар ин муддат кӯшидем, то ки нишондиҳандаҳо беҳтар гарданд.

Хушбахтона, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввал соҳа рӯ ба беҳбудӣ овард ва ба мо муяссар шуд, ки саршумори чорвои калони шохдор ва майдаро нисбат ба ҳамин давраи соли рафта афзун созем.

‐Дар қаламрави ноҳия алҳол 77 ҳазору 316 сар чорвои калони шохдор ва беш аз 150 ҳазор сар моли майда парвариш меёбад, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ва 5,5 ҳазор сар зиёд аст,гуфт мавсуф. Омилҳои афзуншавии саршумори чорворо сарзоотехники ноҳия Эргашалӣ Исроилов шарҳ дода, иброз дошт:

‐Чорводорӣ умуман аз соҳаҳои сердаромад аст. Аз ин лиҳоз, худи мардум, алалхусус соҳибкорон бо дарки ин омил ҳамаҷониба мекӯшанд, то ки саршумори чорвояшонро сол аз сол зиёд гардонанд. Дар ин радиф дар ноҳия бунёди фермаҳои муосири чорводорӣ ҳамасола меафзояд. Айни ҳол дар деҳаи Хуштоири Мухлон соҳибкор Илҳом Сиддиқов барои парвариши 400 сар моли калони шохдор ферма сохта истодааст. Корҳои сохтмонӣ вусъати тоза гирифта, ӯ ният дорад, моҳи июни соли равон, дар арафаи таҷлили солгарди Ваҳдати миллӣ онро ба истифода диҳад. Зимни суҳбат бо масъулин маълум гардид, ки дар ноҳия наздик 40 ҳазор сар гови дӯшоӣ парвариш ёфта, шири онро яке аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсоли маҳсулоти шириву гуштии «Файзи Расул» харидорӣ мекунад.

Воқен ҳам то соли рафта дар ноҳия ду сехи истеҳсоли паниру маҳсулоти гӯштӣ амал мекард. Аммо, ба рақобати бозор тобовар нагардида, фаъолияташро муваққатан қатъ кардааст. Соҳибони истеҳсолот дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли масъала ҳастанд. Бино ба маълумоти масъулин алҳол вазъи тӯлгирии чорвои майда бомуваффақият идома ёфта, нақша дар арафаи анҷомёбист. Ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 98 сарӣ барра гирифта истодаанд, ки порсол ин нишондиҳанда 95 сариро ташкид медод.

Ҷараёни тӯлгирӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ваҳдату Ғазантарак хуб аст. Тавре ҳамагон огаҳем, зимистони имсола басо сард омада, зиёд тӯл кашид, ки ин ҳолат чорводоронро ба ташвиш гузошт. Оид ба ҷараёни натиҷаи гузариши мавсими сармои имсола сарбайтори ноҳия Самӣ Ҷӯраев чунин гуфт:

 ‐Хушбахтона, ба сардиву дарозмуддатии фасли сармо нигоҳ накарда чорводорон, албатта, ба шарофати риояи чораҳои саривақтӣ ва ғамхорӣ нисбат ба чорво зимистонро хуб паси сар карданд. Дар ноҳия талафоти чорво ба қайд гирифта нашуд. Тавре дар боло зикр кардем, соҳибкорони маҳаллӣ бо дарки манфиатовар будани соҳа ва бо дарназардошти иқлиму шароити мусоиди ноҳия ба парваришу афзун намудани чорво рӯ овардаанд. Яке аз намунаҳои беҳтарини он фермаи ширию молии ҶДММ «Шаҳбоз» мебошад. Ферма дар камари кӯҳ, минтақаи сарҳади шаҳри бостонии Истаравшан, деҳаи Гулобод, ки номи қадимааш Қаробӯин аст, ҷойгир шудааст.

‐Асосгузори фермаи мо падари омӯгорам Холбутта Рӯзиматов ҳасғтанд,‐мегӯяд, роҳбари ферма Ҳасан Рӯзиматов,то соли 2015 он кас заминро ба иҷора гирифта, чорводориро бароямон ташкил мекарданд. Ин буд, ки 5 сол қабл бо дастури роҳбарияти давр мо бо масоҳати 62 гектар замин соҳиби сертификат шудем ва як фермаи алоҳидаи замонавӣ бунёд кардем.

Айни замон дар ферма 12 сар чорвои калони шохдор ва 200 сар моли майда парвариш меёбад. Азбаски дар хоҷагии фермерии мазкур дастрасии об муаммо буд, аз ҳисоби даромадҳои шахсӣ чоҳи амудӣ кофтанд. Аз рӯи гуфти мутахассисон, об аз чуқурии зиёда аз 200 метр бароварда шуд. Шукрона, ки вазъи обтаъминкунӣ алҳол нисбатан беҳтар гардида, аз ҷумла, он барои парвариши 2 гектар бедаву 1,5 гектар гандум, 2 гектар пиёз ва заминҳои картошкаву помидор ва полезиҳо кифоягӣ мекунад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин хоҷагии фермерӣ 20 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, асосан аҳли оилаи Рӯзиматовҳо ҳамарӯза дар хоҷагӣ меҳнат менамоянд. Масъулини ноҳия ният доранд, ки соҳаи чорводориро боз ҳам рушд диҳанд ва дар ин самт то охири сол саршумори молро боз ҳам зиёд намоянд. Ҳамагон огаҳем, ки кишвари мо дорои захираҳои бузурги биологию иқлимӣ, мавҷудияти захираҳои нисбатан калони замин ҳам дар водиҳо ва ҳам дар қисмати доманакӯҳҳои он мебошад.

Иқлими мусоиду шароити беҳтарин барои боз ҳам бештару беҳтар намудани соҳаи чорводорӣ имконпазир аст. Ин омил танҳо боз ҳам аз масъулин дилсӯзиву кордонии бештарро тақозо дораду халос…

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh