ЭҲТИРОМ БА ЗАМИН - ЭҲТИРОМ БА ЗАҲМАТ

Маданияти кишоварзӣ – асоси фаровонҳосилӣ

Дар ноҳияи Зафаробод аз 5569 нафар соҳибкори хурду миёна 4305 нафарашон тибқи шаҳодатнома дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мебаранд. Хоҷагидорон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ба мавсими имсола омодагии ҳамаҷониба дида, заминҳои киштро самаранок истифода бурда, дар вақташ бо об таъмин гардонида, аз ҳар гектар киштзор ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Сардори идораи кишоварзии ноҳия Раҳимҷон Ашӯров иттилоъ дод, ки имсол дар майдони 31028 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карданд, ки аз он 5550 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо, 14850 гектар пахта, 2328 гектар зироатҳои техникӣ, 440 гектар картошка, 815 гектар сабзавот, 1525 гектар полезӣ ва 5520 гектар зироати хӯроки чорво аст.

Айни замон кишоварзон барои кишти зироатҳо заминро омода сохта, дар майдони 3708 гектар зироатҳои барвақтӣ, ба монанди 878 гектар ғаллагиҳо ва лӯбиёгиҳо, 290 гектар ҷуворимакка барои дон, 703 гектар зироатҳои техникӣ, 159 гектар картошкаи барвақтӣ, 247 гектар сабзавот, 10 гектар полезӣ ва 1421 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт гузарониданд.

Дар ин самт корҳои деҳқонӣ бомаром идома дорад. Тавре мудири шуъбаи иқтисодии мақомоти маҳаллӣ Фаррухҷон Розиқов хабар дод, дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 20 миллиону 101,1 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум ба миқдори се миллиону 193 ҳазор сомонӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳия соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаи асосӣ маҳсуб ёфта, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 32956 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 20228 сар модагов, 66649 сар моли майда, 100711 сар паранда ва 181 сар асп парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 18 сар моли калони шохдор, 183 сар моли майда, 38845 сар паранда ва як сар асп афзудааст. Баробари афзоиши саршумори чорво, иброз медорад намояндаи идораи кишоварзӣ Асадулло Умаров, маҳсулоти гӯштӣ ва тухм низ зиёд гардида, дар ин давра 514,7 тонна гӯшт, 2702 тонна шир ва 506,8 ҳазор дона тухм истеҳсол гардиданд.

Гарчанде соли сипарӣ барои мардуми олам соли вазнин – бемории коронавирус ҷаҳонро фаро гирифта буд, вале имсол хоҷагидорон баҳри ба даст овардани ҳосили дилхоҳ саъю кӯшиш намуда, ба андозаи 131,1 тонна гӯшт ва 69 тонна ширро нисбат ба ҳамин давраи соли пешин афзун гардониданд. Мутаассифона охири соли гузашта ва оғози соли ду ҳазору бисту якум барои парандапарварон вазнин омад, зеро ба сабаби талафоти зиёди парранда истеҳсоли тухм 173,7 ҳазор дона кам шуд. Хоҷагидорон назди худ мақсад гузоштаанд, ки баҳри хушзот ва сермаҳсул намудани чорво чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳоло соҳибкори инфиродӣ Аҳмадҷони Раҳматшоҳ 50 сар, дар хоҷагиҳои деҳқонии «Анис – 2015» (роҳбар В.Мирзоев) 30 сар, дар хоҷагии деҳқонии «Зарафшон – 2012 (роҳбараш Мирзораҳим Азимов) ва соҳибкорони инфиродӣ Икром Мухторов 20 сарӣ ва Учқун Бобоев 15 сар моли калони шохдори хушзот ва сермаҳсулро парвариш намуда истодаанд. Дар ноҳия баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин низ ҳамасола чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешавад. Имсол беҳтарсозии 213 гектар замин ба нақша гирифта шуда, то кунун ҳолати мелиоративии 57 гектари он беҳтар гардид. Дар ҳудуди ноҳия хоҷагии махсуси тухмипарварӣ ташкил нагардида бошад ҳам, аммо аз зироатҳои хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам, ба монанди «Деҳқон», «Бахт», «Ҳоҷӣ Ғоибназар», «Зафар», «Камола», «Қарасаққолбобо», «Бобо Ибод», «Ҳоҷӣ Ризо», «Ойқӯл», «Бобо Тоҳир», «Абдувалӣ», «Улуғбек», «Исмоилиён» васеъ истифода мебаранд. Зеро тибқи дастур ҳосили майдонҳои хушсифату серҳосили хоҷагии деҳқонии номбаршударо барои тухмии кишти ҳосили минбаъда истифода мебурданд.

Соли сипаригардида тибқи дастури Пешвои муаззами миллат чун дигар аҳолии деҳотнишини ҷумҳур сокинони ноҳия аз ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигиашон самаранок истифода бурда, аз ҳосили гирифтаашон вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро беҳтар сохтанд. Ҳамчунин бо тайёр кардани консерваю хуришҳои гуногун аз помидору бодирингу сабзавоту дигар анвои хӯрданӣ ба мавсими зимистон низ омодагии хуб диданд. Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзии вилоят дар умум заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентии ноҳия ҳамагӣ 2005 гектарро ташкил медиҳад.

Аз рӯи нақшаи пешбинигардида дар мавсими имсола сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар майдони 810 гектар ғалла ва лӯбиёгиҳо, дар 190 гектар картошка, 80 гектар сабзавот, 25 гектар полезӣ, дар 580 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво ва дар майдони 120 гектар зироатҳои техникӣ кишт карданианд. Бо вуҷуди номусоид омадани обу ҳаво аҳолии ноҳия баҳри самаранок истифодабарии замин чораҳои зарурӣ андешида, дурнамои кишти картошкаи барвақтиро аллакай иҷро намуданд. Ҳоло заминҳои боқимондаро ҳамаҷониба омода сохта, помидор, бодиринг, сирпиёз, инчунин лӯбиёгӣ ва дигар зироатҳоро кишт карда истодаанд.

Дар баробари аҳолӣ хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия низ нақшаи кишти ғалладона ва картошкаи барвақтиро иҷро намуданд. Ноҳияи Зафаробод, ки яке аз ноҳияҳои калони пахтакори вилоят ба шумор меравад, соли равон дар майдони 14850 гектар кишти пахта гузаронида хоҳад шуд. Айни замон кишоварзон заминҳоро барои кишти пахта ва дигар зироатҳои баҳорӣ омода сохта, то ба имрӯз дар майдони зиёда аз 8500 гектар кишти пунбадона гузаронида шуд.

Ғайр аз ин, иттилоъ дод сармутахассиси идораи кишоварзии ноҳия Асадулло Умаров, баҳри самаранок истифодабарии заминҳо ва аз ҳар гектари он гирифтани зиёда аз ду ҳосил чораҳои саривақтӣ андешида шудааст. Дар нақша аст, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғаллаи тирамоҳӣ дар майдони зиёда аз 3000 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh