Боздид аз пахтазори хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов

15 июн Раиси вилояти Суғд дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарипови шаҳри Конибодом аз пахтазори хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов боздид кард.

Чуноне иттилоъ дода шуд, масоҳати умумии замини кишоварзии хоҷагӣ 32 гектар буда, аҳли заҳмати хоҷагӣ дар 10 гектар пахта, 8,7 гектар гандум, 0,3 гектар картошка ва дигар намуди зироат кишт карда, 11 гектар боғ низ доранд. Аъзои хоҷагӣ 25 нафар буда, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо кишоварзони хоҷагӣ, ки дар пахтакорӣ таҷрибаи калон доранд, иброз дошт, ки бояд ҳар порча замин самаранок истифода гардад ва деҳқонон барои гирифтани ду-се ҳосил талош намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh