Боздид аз рафти дарави ғалла дар Конибодом

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рафти дарави ғалла дар заминҳои ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар ҷамъият 3 гектар гандуми навъи «Безостая-100», ки аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда шудааст, кишт гардида буд ва чуноне таъкид карда шуд, ҳосилнокии ин навъи тухмӣ баланд аст. Ба иттилои кишоварзон ин навъи туъмӣ 60 – 70-сентнерӣ гандум медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки тухмии навъҳои серҳосил дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  бо мақсади баланд бардоштани  ҳосилнокӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли ғалла ба вилоят ворид гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh