РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗИВУ ЧОРВОДОРӢ

Дар яке аз мавзеъҳои дурдасттарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - Ҷамоати деҳоти Чашмасор (собиқ Ӯткансой) соҳаи кишоварзиву чорводорӣ рушд ёфтааст. Бино ба гуфти котиби Ҷамоати деҳот Абдуваҳҳоб Алимов шуғли асосии бошандагон асосан чорводориву кишоварзӣ аст. Аҳолии ҷамоат 12,5 ҳазор нафар буда, дорои 13 муассисаи таълимӣ, як беморхонаи минтақавӣ, ду маркази саломатӣ ва нӯҳ бунгоҳи тиббӣ мебошад.

Дар Чашмасор чанд сол инҷониб норасоии оби полезӣ муаммои асосӣ буд, аз ин лиҳоз сокинон, алалхусус деҳқонон имконияти парвариши ҳосили кишоварзиро надоштанд. Оғози соли 2020 - ум бо кўмак ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҷамоат пойгоҳҳои обкашӣ ташкил ва як агрегати нав шинонида шуд.

Ба гуфти сокинон Чашмасор ном гирифтани ҷамоат ба он хотир аст, ки аҳолӣ оби нўшокиро аз чашмаҳои худҷории кўҳҳо истифода мебаранд. - Даромади асосии аҳолии ҷамоат аз чорводорӣ ва кишоварзӣ аст. Солҳои қаблӣ муаммои норасоии об дар ҷамоат боис ба зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ гардида буд. Вале се – чор сол инҷониб, бинобар аз байн рафтани муаммои мазкур шумораи муҳоҷирончандмаротибапастрафта, соли равон 250 - 300 нафар ба муҳоҷират рафтанд, - гуфт А.Алимов.

Раиси Хоҷагии деҳқонии “Саховат” Абдураҳмон Омиров гуфт, ки аз соли 2020 - ум барои кишоварзону хоҷагидорон соли пурфайз аст, зеро фаровонии оби полезӣ боиси ба даст овардани ҳосили хуби кишоварзӣ ва рушди соҳаи чорводорӣ гардидааст. Дар ҷамоати мазкур бинобар таъминот бо оби полезӣ чормағзи заминӣ низ хуб нашъунамо ёфта, соли равон кишоварзон дар 775 гектар замин кишти онро ба роҳ монданд. Ҳосилнокии он аз ҳар як гектар на кам аз 3 тонна аст. Доир ба тарзи омода ва хушк кардани чормағзи заминӣ сардори Хоҷагии деҳқонии “Ибодулло-Ота”Зариф Гулмуродов гуфт, ки он меҳнати зиёдро талаб мекунад ва ҳамасола бо аҳли оилаи худ барои маҳсулоти хуб гирифтан меҳнат мекунанд. Ӯ 25 сол инҷониб ба кишти чормағз машғул буда, нозукиҳои соҳаро хуб аз худ кардааст.

- Аз охири моҳи апрел то 10 – уми май тухмии чормағз кишт шуда, моҳи октябр ғунучини ҳосил оғоз мешавад. Барои хуб нашъунамо ёфтани он ва нобуд нагардидан аз ҳашаротҳои зараррасон нуриҳои минералӣ амсоли селитра ва карбонат пошида мешавад. Барои содирот ва ба бозори дохилӣ омода кардани чормағзи заминӣ аввал онро бо кӯмаки ҳашарчиён чидан ва такконидан лозим аст. Онро аввалтакконида хушкмекунанд, сониян аз хасу хошок тоза карда, дар дегҳои махсус чанд муддат бирён мекунанд.

Барои содирот бирённашударо равон мекунанд, - гуфт Зариф Гулмуродов. Бино ба гуфти ӯ ҳосили бадастомада, асосан ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Айнӣ ва шаҳри Душанбе фиристода мешавад. Соли равон кишоварзони ҷамоат ният доранд ба Федератсияи Россия то ҳазор тонна чормағз содирот кунанд. Раиси Хоҷагии деҳқонии “Саховат” Абдураҳмон Омиров гуфт, киҳар сол дар 8 гектар замин чормағзи заминӣ кишт намуда, аз як гектар 3 – 4 тонна хосил ҷамъоварӣ мешавад. - Фоиданокии чормағзи заминӣ дар он аст, ки баробари ба даст овардани ҳосили хуб хошоки он барои чорво истифода мешавад. Соли 2020 - ум 25 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда, 5 тонна дар дохили кишвар ва боқимонда ба Федератсияи Россия содирот гардид. Зиёд гардидани ҳосил аз об вобастагӣ дорад, агар 3 - 4 сол пеш дар 400 гектар замин чормағз кишт мекардем, соли равон он ба 800 гектар расид, - гуфт А.Омиров.

Боиси қайд аст, ки барои чидани ҳосил чинакчиёни кироя ҷалб мешаванд ва ҳаққи хизмати онҳо барои як рӯз 60 – 70 сомонӣ аст. Олтиной– бибии57 - сола аз деҳаи Айрӣ ҳамарӯза бо аҳли оилааш роҳи зиёдро тай карда, ба деҳаи “Деҳқонобод” барои чидани чормағзи заминӣ меравад.

- Чанд сол аст, ки барои дарёфти ризқу рӯзии худ дар мавсими ғунучини ҳосили чормағзи заминӣ бо аҳли оилаам ҳамчун коргари кироя фаъолият мебарем. Шароит барои равуо ва хӯроки гарм фароҳам оварда шудааст. Субҳгоҳон моро бо нақлиёт меоранду бегоҳ ба ҷойи манзил мерасонанд. Наздик якмоҳ чормағзрочида метакконем ва бо маблағи бадастомада барои фасли сармо маҳсулоти кишоварзиро захира мекунем, - гуфт номбурда.

Бино ба гуфти масъулин соҳаи кишоварзӣбештар дар минтақаи“Дӯстлик”рушд ёфта, онҳо бо киштипахта, чормағзи заминӣ, пиёз ва навъҳои гуногуни ғалладонагӣ машғуланд. Алҳол дар ҷамоат 1060 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, соли равон дар 560 замин пахта кишт шудааст.

- Дар ҷумҳурӣ яке аз авалинҳо шуда, дар ин мавзеъ пахтачинӣ оғоз мешавад, зеро дар ин ҷо ҳаво барвақт гарм шуда, пахта мешукуфад. Аз ҳар гектар то 40 сентнерӣ ҳосил ба даст меоварем. Дар ҷамоат 62 хоҷагии деҳқонии пахтакор мавҷуд аст, - гуфт А.Омиров. Боиси таъкид аст, ки баробари соҳаи кишоварзӣ дар Чашмасор соҳаи чорводорӣ низ рушд ёфтааст.

–Чор сол қабл барои дарёфти маблағ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия сафар мекардам. Ростӣ, дур аз кишвари худ будан бароям мақбул набуд. Ниҳоят тасмим гирифтам, ки бо соҳаи чорводорӣ машғул шавам. Бо кӯмаки дӯстону хешон дар ин самт фаъолиятро оғоз карда будам. Имрӯз дар ин соҳа ба натиҷаи хуб ноил гардидам. Давоми 4 сол зиндагии иқтисодии оилаам беҳ гардиду ҳолонафаронеро, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанианд ба ин намуди фаъолият ҷалб карда истодаам, - гуфт сокини Ҷамоати деҳоти Чашмасор Мақсудалӣ Чӯянов.

Бино ба гуфти масъулин алҳол аксарият аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ зиндагии худро пеш бурда истодаанд. Дар деҳаи “Деҳқонобод” ду ҳазор моли майда, 500 сар моли калони шохдор мавҷуд аст. Сокинон аз ширу қаймоқи чорво қурут ва равған истеҳсол карда, ба фурӯш мебароранд. Баробари қуруту равған занон аз пашми буз ресмон ҳосил карда, ҷуробу сарпӯш мебофанд.

Ҳамчунин, пашми бузро ба Федератсияи Россия содирот мекунанд ва 1 килои он 100 – 120 сомонӣ арзиш дошта, соли равон 450 килограмм пашми буз содирот карда шуд. Абдураҳмон Омиров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бинобар хушк омадани сол нархи хӯроки чорво каме болорафт, азинлиҳоз бароитаъмини чорво дар заминҳои камоб ҷаву гандум корида шуд. Норасоии асосие, ки баръало ба мушоҳида расид, ин ноҳамвору вайрона будани роҳҳои дохили ҷамоат аст, зеро барои аз як деҳа ба деҳаи дигар расидан фосилаи зиёдро бояд тай кард.

Мушкилоти асосии роҳро бошандагон бештар дар фасли зимистон мушоҳида хоҳанд кард. Муаммои дигар суст будани алоқаи мобилӣ ва набудани мавҷи телевизионӣ аст. Бошандагони ин маҳал дар замони тараққиёти техникаву технологияи муосир, алалхусус, аз шабакаҳои иҷтимоӣ дур монда, тамошои барномаҳои шабакаҳои телевизиони маҳаллӣ низ мушкилӣ дорад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд - Чашмасор - Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh