Оғози бунёди боғҳои нав дар ноҳияи Деваштич

13 январ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич ба бунёди боғҳои нав оғоз бахшида шуд.

Аъзои хоҷагии деҳқонии "Абдурашидбобо" -и деҳаи Қалъаи Эшони ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим доранд, ки соли равон дар 5 гектар боғи нав бунёд намоянд.

Дар нахустин рӯзи ҳашари ниҳолшинонӣ алаккай дар масоҳати 2 гектар ниҳолҳо шинонида шуда, боғи анъанавӣ бунёд гардид. Дар 3 гектари боқимонда тибқи нақша боғи интенсивӣ ташкил карда хоҳад шуд.

Боғпарварӣ яке аз шуғлҳои даромадноки кишоварзони ноҳия буда, дар соли гузашта дар ноҳия 88 гектар боғҳои гуногун ташкил шуда буд. Имсол бошад кишоварзон ният доранд, ки майдони боғотро васеъ ва дар 100 гектар боғҳои нав бунёд намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh