Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод

14 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят аз пойгоҳҳои обкашии "Мирзочӯл-1" ва "Мирзочӯл-2" боздид намуда, рафти корҳои таъмиру омодасозии пойгоҳҳои обкаширо мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Заминҳои ноҳияи Зафаробод пурра тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардида, кори деҳқонон аз фаъолияти бенуқсони пойгоҳҳо вобастагӣ дорад.

Раиси вилоят барои пурра омода кардани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав ба масъулин супоришҳо дод.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят аз корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равған, ки  дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод воқеъ аст, дидан кард.  Корхонаи мазкур бо масоҳати 2,9 га аз тарафи соҳибкори ноҳия Нормаматов Абдусамат ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ ва 30 ҷойи корӣ сохта шудааст. Иқтидори коркарди корхона дар як сол 10 ҳазор тонна пахтаи хом буда, дар заминаи корхона истеҳсоли равған низ ба роҳ монда мешавад.

Раиси вилоят ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ба бунёди боғҳои нав оғоз бахшид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh