ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ВА РЎЁНИДАНИ ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ

Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талоши хоҷагидорони шаҳри Панҷакент, инчунин татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ имкон фароҳам овард, ки замин самаранок истифода карда шавад ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ таъмин гардад.

Тибқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар, деҳқонону кишоварзони шаҳру деҳоти Панҷакент баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва картошкаи барвақтӣ ҳар як ваҷаби замини обиро самаранок истифода мебаранд.

Баҳри самаранок истифода бурдани замин деҳқонон аз обу ҳавои мусоид хуб истифода бурда, парвариши зироатҳои лўбиёгиҳо ва сабзавотро васеъ ба роҳ мондаанд. Хусусан, кишти картошкаи такрорӣ, сабзавот хуб кишт шудаанд. Мувофиқи маълумоти расмӣ соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ба майдони 14029 гектар кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки 101 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил менамояд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ба санаи 1‐уми августи соли ҷорӣ дар майдони 6793,9 гектар ғалла дарав карда шудааст, ки аз майдони ғаллаи даравидашуда 6793,9 гектар кӯфта, зиёда аз 17757 тонна ғалла истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокии ҷаву гандум ба ҳисоби миёна аз 26,1 сентнерӣ, аз як гектар ташкил менамояд. Ҳамчунин, ба санаи 1‐уми августи соли ҷорӣ аз майдони 1450 гектар картошка ҷамъоварӣ шуда, 26410 тонна картошка истеҳсол карда, сабзавот аз майдони 641,2 гектар ҷамъоварӣ шуда, 18449 тонна истеҳсол шудааст. Баҳри ба роҳ мондани истифодаи самаранокии замин ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин мусоидат намудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ тибқи ҳисоботи фаврӣ, аз дурнамои 2233 гектар ба санаи 1‐уми августи соли ҷорӣ ба майдони 2327 гектар, кишти такрорӣ аз он ҷумла, ҷуворӣ барои дон 514 гектар, зироатҳои ғалладона ва лўбиёгиҳо (ғайр аз ҷуворимакка) 480,1 гектар аз он лӯбиёгиҳо 332,2 гектар, 87,9 гектар арзан ва шолӣ 60 гектар, сабзавот 473,9 гектар, картошка 172 гектар, зироати равғандеҳ, 287 гектар, зироати хӯроки чорво 400 гектар дар хоҷагиҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.

Бояд гуфт, ки 5 ҳазору 200 хоҷагии деҳқонии шаҳр соли равон дар майдони 2 ҳазору 3 гектар кишти барвақтии картошкаро ба роҳ монда буданд ва то ба имрўз дар майдони 1 ҳазору 450 гектар картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки ҳосили бадастомада 26 ҳазору 410 тоннаро ташкил медиҳад. Имрўзҳо пас аз ҷамъоварии кишти барвақтии маҳсулоти кишоварзӣ ғалладонагиҳо дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру деҳоти Панҷакент 2 ҳазору 327 гектар кишти такрорӣ ба анҷом расида, дар боқимонда заминҳо ҷамъоварии ҳосил ҷараён дорад.

‐Дар аксари заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ сабзӣ кишт шудааст, зеро иқлими минтақа ба серҳосилии ин навъи маҳсулот мувофиқат мекунад. Умуман, пас аз ҷамъоварии ҳосил кишоварзони шаҳру деҳоти Панҷакент боз дар майдони 60 гектар кишти навъҳои гуногуни маҳсулотро ба роҳ монаанд, ки аллакай дар баъзе хоҷагиҳо ин тадбир амалӣ шуда истодааст. Масалан, кишти зироати сабзӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Халифа Ҳасан, Саразм ва Лоиқ Шералӣ хеле васеъ ба роҳ монда шудааст. Зеро бештари заминҳои ин ҷамоатҳо холӣ шуд, баъди ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ ва ҳосили дуюмашон аллакай нашъунамо дорад ва то охири тирамоҳ ҳосили сабзӣ ҳам ба даст меоранд. Ҳамчунин, майдони турбу шалғам, ки парваришаш чандон мушкил нест, зиёд кишт шудааст, ‐мегўяд Ғолиб Гадоев.

Хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоаҳоти деҳоти Лоиқ Шералӣ ва Халифа Ҳасан, ки заминҳояшон дар ду тарафи роҳи Айнӣ‐Панҷакент воқеъ аст, ҷамъоварии қаламфури булғорӣ, помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот идома дорад. Ҳамарўза аз хоҷагиҳои деҳқонии Сомониён ва Исматуллои Ҷамоати Лоиқ Шералӣ зиёда аз ду тонна қаланфури булғорӣ ва помидор ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд интиқол дода мешавад. Дар замини хоҷагиҳо ҳосили пиёз омода асту рўзҳои наздик ҷамъоварии он оғоз хоҳад шуд, ‐мегўянд масъулини Хоҷагии деҳқонии “Сомониён” и шаҳр.

 Деҳқонон аз имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда дилгарм буда, кўшиш доранд бо риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ, пошидани нурӣ ва истифодаи заҳрхимикатҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оранду дар таъмини оила ва бозору амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh