ҲАДАФ: ТАЪМИНИ БОЗОР БО МАҲСУЛОТИ ХУДӢ

Бино ба маълумоти фаврии Раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҳолати 13 – уми октябри соли равон дар вилоят 980 гектар кишти пиёзи барвақтӣ гузаронида шудааст. Соли гузашта бошад, ин нишондиҳанда то ҳамин шабу рӯз 408 гектарро ташкил медод. Кишти барвақтии пиёз асосан дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов гузаронида мешавад.

Кишоварзон бо мақсади таъмини бозорҳои дохилии кишвар бо пиёзи барвақтӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархи он дар моҳҳои июн ва июл аз имрӯз заҳмат намуда истодаанд. Тибқи маълумоти дастрасгардида, кишти тирамоҳии пиёзе, ки дар миёнаи моҳи октябр ва аввали моҳи ноябр кишт шудааст, имконият медиҳад, ки дар моҳҳои июл‐август ҳосили баланду босифати пиёз гирифта шавад. Ҳосили кишти аввалибаҳориро дар охири моҳи август ва сентябр ҷамъоварӣ намуда, онро дар фаслҳои тирамоҳу зимистон нигоҳ медоранд.

Барои гирифтани ҳосили баланди пиёз зичии ниҳолҳо дар 1 метри мураббаъ бояд аз 100 то 150 ададро ташкил кунад. Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар самти кишту парвариши пиёз таҷрибаи ғанӣ доранд. Онҳо аз як замин барои ба даст овардани ду ва зиёда ҳосил аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд. Бино ба гуфти масъулини соҳа, кишоварзон ноҳия барои кишту парвариши пиёзи барвақтӣ тадбирҳои заруриро меандешанд. Зеро дар фасли баҳор ва тобистон деҳқонони ноҳия бозорҳои вилоят ва кишварро бо пиёзи барвақтӣ таъмин менамоянд. Ҳамин аст, ки имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони беш аз 90 гектар пиёзи барвақтӣ кишт шудааст.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба содирот намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба кишварҳои дуру наздик дар мамлакат тамоми шароитҳо барои соҳибкорон муҳайё гардидааст. Аз ин лиҳоз, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов барои содироти пиёз марказҳои логистикӣ мавҷуд аст. Ин марказҳо асосан барои содироти пиёзӣ барвақтӣ нигаронида шудаанд.

Дар ин марказ аз миқёси кишвар пиёз ҷамъоварӣ шуда, сипас ба кишварҳои дигар содирот мешавад. Кишоварзон ва масъулони шаҳри Панҷакент дастуру супоришҳои Раиси вилоятро ба инобат гирифта, дар чор ҷамоат, аз ҷумла, Саразм, Сӯҷина, Ёрӣ ва Чинор кишти барвақтии пиёзро дар 20 гектар ба роҳ мондаанд. Кишоварзон азм доранд, ки дар муддати ду се рӯз нақшаи гирифтаашонро иҷро намоянд. Тибқи маълумоти дар сомонаи иттилоотии АМИТ “Ховар” нашр шуда дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёзро дар се давра, аввали баҳор, тирамоҳ ва зимистон кишт мекунанд.

Барои гирифтани пиёзи кабуди тирамоҳӣ ва аввалибаҳорӣ тухмии онро моҳи август низ мекоранд. Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар сурати дертар кишт намудан, яъне дар моҳи апрел ҳосили пиёз кам мешавад. Сабаб дар он аст, ки дар ҳарорати баланд қисми рӯихокии пиёз назар ба бехаш зудтар инкишоф меёбад.

Бинобар ин, дар заминҳои дер кишткардашуда растанӣ суст инкишоф меёбад. Ғайр аз ин, вақте ки бориш кам ва ҳарорат баланд мешавад, нешзанӣ бад мегардад. Пиёзи аввалибаҳорӣ моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад. Инчунин, кишти тирамоҳии пиёзро даҳаи дуюми моҳи сентябр мегузаронанд ва нешзадҳо охирҳои моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр пайдо шуда, то зимистон 8‐10 сантиметр қад мекашанд.

Кишоварзони меҳнатқарини вилоят минбаъд низ талошу кӯшишҳои ҳамешагии худро барои таъмини рушди минбаъдаи соҳа, баланд бардоштани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳамаи захираю имкониятҳои мавҷуда барои амалисозии сиёсати аграрии мамлакат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамояд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh