Нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Зафаробод то имрӯз 64,6 дарсад иҷро гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод сафар карда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳия шинос гардид.

Раиси вилоят аз хоҷагиҳои ба номи "Қурбон Ҳусейн" ва "Панҷшер" боздид намуда, бо кишоварзону чинакчиён суҳбат анҷом дод ва дар ғунучини ҳосил саҳм гузошт.

Дар асоси маълумоти фаврӣ дар ноҳияи Зафаробод ҳамарӯза беш аз 700 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, ба хирман супорида мешавад. Нақшаи истеҳсоли пахта соли равон дар ноҳияи Зафаробод 30560 тонна буда, то имрӯз 19707 тонна пахта истеҳсол шудааст, ки ба 64,6 фоизи нақшаи тасдиқшуда баробар аст.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки ҳарчи бештар чинакчиёнро ба кор ҷалб карда, сари вақт музди кори онҳо пардохт карда шавад. Бо истифода аз боду ҳавои мусоид бояд ҳосил пурраву беталаф ҷамъоварӣ гардида, маҳсулот ба корхонаҳои коркард супорида шавад.

Дар идома роҳбари вилоят аз корхонаҳои коркарди пахтаи "Асади Зафаробод" ва ҶДММ "ДСМ-19" боздид намуд ва барои қабули саривақтии пахта ва истеҳсоли равған ба масъулин супоришҳо дод.

Раиси вилоят ҳамзамон корҳои сохтмонии фермаи чорвопарварии "Даҳкат"-ро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, барои татбиқи пурраи лоиҳа тавсияҳои худро ироа намуд. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳияи Зафаробод дуюмин фермаи калони чорвопарварӣ сохта шуда, айни замон қисман моли калон ворид карда шудааст. Бо анҷоми корҳои сохтмонӣ иловатан моли калон ворид гардида, парвариши он ба роҳ монда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh