САҲМИ БОРИЗ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Хоҷагии деҳқонии Ревомутк аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад ва саҳмдорони он дар бобати парвариши картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳар сол ба дастовардҳои шоиста ноил мегарданд. Хоҷагӣ дорои 93 гектар замини корами обӣ буда, қисми бештари он55 гектарашро боғи дарахтони мевадиҳандаи зардолу, олуи маҳаллӣ, себ, нок ташкил медиҳанд. Соли равон аҳли меҳнати хоҷагӣ дар 21 гектар кишти картошка гузарониданд. Дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани парвариши ин зироат ва дар сари вақт гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст омад. Аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 300 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шуд. Тавре раиси хоҷагии деҳқонӣ Юнус Юнусов иброз дошт, онҳо маҳсулоти худро ба сокинони пойтахти мамлакат‐шаҳри Душанбе ва маркази вилоят‐шаҳри Хуҷанд пешниҳод мекунанд. Ҳоло 88 нафар саҳмдори хоҷагӣ картошкаро барои рӯзгори худ захира намуда, ҳамчунин картошкаи тухмиро низ нигоҳдорӣ намудаанд ва имрӯзҳо кишти тирамоҳии гандумро ба роҳ мондаанд. Аҳли меҳнат ният доранд, дар даҳ гектар гандум коранд.

Соли равон бо сабаби мусоид омадани обу ҳаво ҳосили мева‐зардолу, себ, олу, нок хеле хуб шуд. Имрӯзҳо деҳқонони хоҷагӣ маҳсулоти худро бо нархи дастрас ба бозорҳои маркази вилояту ноҳияи Бобоҷон Fафуров баровардаанд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки деҳқони асил Юнус Юнусов бештар аз бисту панҷ сол инҷониб бо деҳқонӣ сарукор дошта, ба қавле, забони заминҳои хоҷагиашро хуб азхуд кардааст ва сол аз сол ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил мегардад.

Дар маҷмуъ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати гузаронидани таҷдиди сохтори кишоварзӣ бештар аз се ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ арзи вуҷуд карданд. Замин ба соҳиби аслиаш дода шуда, ин имконият фароҳам овард, то хоҷагиҳои деҳқонӣ ва саҳмдорон ба кишти он зироатҳое машғул шаванд, ки барои рӯзгорашон даромадовар аст. Аслан иқлим ва обу ҳавои ин ноҳия ба кишти картошка мусоид аст. Ва аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ баробари парвариши дигар намуди зироатҳо масоҳати кишти картошкаро сол аз сол зиёдтар менамоянд. Имсол деҳқонони ноҳия дар 2900 гектар кишти ин намуди зироатро ба роҳ монданд.

Тавре деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳия мегӯянд, табиати ноҳия аз се ҷиҳат ба парвариши картошка мувофиқ аст, аввалан, обу ҳаво, дуюм, оби поку мусаффо ва шифобахши чашмаҳои кӯҳӣ ва сеюм, сари вақту босифат гузаронидани тадбирҳои агротехникии парвариши ин зироат. Ин аст, ки деҳқонон сол аз сол аз картошка ҳосили бештар ба даст оварда истодаанд. Аз ҷумла алҳол 51,938 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъ оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2178 тонна зиёд аст. Баъзе хоҷагиҳо аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 350‐400 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин аст. Деҳқонони ноҳия анъанае доранд, ки танҳо аз тухмиҳои маҳаллӣ ва дар амал санҷидашуда босамар истифода баранд. Имрӯзҳо зиёда аз ҳафт ҳазор нафар саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия баҳри он кӯшиш доранд, ки ҳосил сари вақт аз замин бардошта шуда, ба бозорҳои вилоят ва тамоми қаламрави мамлакат пешкаш гардад.

Баробари ба сокинони кишвар пешниҳод кардани маҳсулоти худ алҳол дар сардхонаҳои зеризаминӣ захира намудани картошкаи тухмӣ низ ҷараён дорад, ки дар ин бобат, яъне захираи маҳсулоти тухмӣ деҳқонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ санъату маҳорати хосаи худро доранд. Дар маҷмуъ, дар ноҳия бештар аз 3,5 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ мавҷуд аст. Ва деҳқонон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар баҳри рушд бахшидани соҳаи кишоварзӣ ва саҳми шоиста гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ноҳия тайи солҳои охир баҳри ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиш бозмонда чораву тадбирҳои судманд амалӣ карда мешаванд.

Танҳо соли равон аз ҳисоби ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз киштукор бозмонда ҳосили картошка хеле афзоиш ёфт. Дар қаламрави ноҳия баробари парвариши картошка давоми солҳои охир соҳаҳои боғдорӣ ва занбӯриасалпарварӣ низ рушду такомул ёфта истодааст. Соли равон аз ҳисоби ба кор андохта шудани замини талу теппаҳо 13 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Ҳоло мардум бо занбӯриасалпарварӣ низ машғул гашта, сол аз сол миқдори оилаи занбӯрро афзун намуда истодаанд. Зеро аз ҳисоби намии бештар дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо гиёҳҳои шифобахши кӯҳӣ, ки аз он занбӯри асал нектар мегирад, бисёр мерӯяд.

Дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои нуҳмоҳаи иқтисодиву иҷтимоии вилоят Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бобати тадриҷан афзун намудани масоҳати кишт ва ҳосилнокии картошка сухан ронда, аз ҷумла таҷрибаи деҳқонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро дар ин бобат намунаи ибрат арзёбӣ намуд. Имрӯзҳо кишоварзони ноҳия бо шукргузорӣ аз рӯзгори тинҷу осуда баҳри афзун намудани ҳосили зироатҳо, боз ҳам фаровонтар гардонидани дастархони мардуми кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh