ҲАШАРЧИЁН ДАР ҒУНУЧИНИ ПАХТА САҲМ МЕГУЗОРАНД

Пахтакорони вилоят тибқи дурнамо, тасмим гирифтаанд, ки 133 ҳазору 800 тонна ашёи пурқимати саноатӣ пахта ҷамъоварӣ намоянд. Гуфта мешавад, ки дар майдонҳои пахта ҳамарӯза қариб 60 ҳазор, чинакчию ҳашарчӣ ба пахтазор баромада, барои ғунучини саривақтӣ ба пахтакорон кӯмак мерасонанд. Гурӯҳи ҳазорнафараи ҳашарчиён, ки аз ҳисоби кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҷамъ омада буданд, соати 8 – и саҳар ба пахтазори корхонаи давлатии кишоварзии Палоси шаҳри Бӯстон ҳозир шуданд.

Соате нагузашта бо Дилбар Саидоваи 64 сола, ки аз қатори пахтаи тарафи дасти чап пахта мечид, шинос шудам. Ӯ сокини шаҳри Хуҷанд буда, беш аз 30 сол инҷониб ба ҳайси рӯбанда кор мекунад. Ҳар сол дар мавсими пахта ба ёрии деҳқонон меояд. Дилбар‐хола аз дигар чинакчиён хеле пеш рафта буд. Халтаи якумаш пур шуда буд. Нав халтаи дуюмро ба миён бастанӣ шуд, ки ӯро ба суҳбат банд кардам. Бачам, устухонам дар кори саҳро шах шудааст. Ман дар маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд ба воя расидаам, лекин шаҳриям гуфта, худро эрка накардаам. Падарам дар минтақаи Навобод замини кишт доштанд. Дар он ҷо чиниши пахта, ягона кардани зироатҳо ва дигар кори кишоварзиро ёд гирифтаам. Имрӯз ҳам аз корхона ба пахтачинӣ равон карданд. Аз саломатӣ шикоят надорам. Шукр гуфта, пахта мечинам. Чанд вақт пеш ба муддати 10 рӯз ба ноҳияи Ашт фиристода буданд. Дар он ҷо низ ҳар рӯз то 50 – 60 кг пахта чидам, ‐ба ёд овард Дилбар Саидова.

Холаи Дилбар ба ҳоли ҷавононе, ки як соат пахта чида, миёндард шуданд, ҳайрон монд. Ӯ табассумкунон гуфт, ки мо ҳам ҷавонӣ доштем, рӯзе то 100 килограмм пахта мечидем, аммо нотобу миёндард намешудем.

‐Албатта, дар вақти чиниши пахта миён дард мекунад, ин кори осону роҳат нест. Ин дард хунро гарм карда, равғани баданро об мекунад. Фарқ надорад, ки якдаста ё дудаста мечинед, муҳим аст, ғайрат дошта бошед. Ҷои таъриф нест, як кампири 64 сола, ки 9 набера дорад, дар як рӯз то 50 килограмм пахта мечинад. Аммо ҷавони 1820 сола чӣ? Ҳафтаи гузашта низ ба саҳро омада будем. Дар сари тарозу як ҳодисае шуд. Як ҷавонписар дар даст халта назди тарозу омад. Халтааш 3‐4 килограмм вазн дошт. Ба саркор гуфт, килои пахтаи чидашударо ба номи ду кас нависад. Ин магар аз рӯи адолат аст?! ‐нақл кард Дилбар‐хола.

Зебӣ Акрамоваи 62 сола, ки дар шафати холаи Дилбар пахта мечид, ба суҳбати мо мароқ зоҳир кард. Дар мавриди тарзи чиниши пахта гуфт, ки аз давраи ҷавониаш якдаста пахта мечид. Ӯро муаллимоне, ки дар мавсими пахтачинӣ роҳбаладӣ кардаанд, борҳо сарзаниш мекардаанд, ки дудаста пахта чинад.

‐Ёд дорам, ки моро аз даврони мактабхонӣ ба пахтачинӣ мебурданд. Ман нисбат ба ҳамсинфон кам мечидам, чун фақат бо як даст аз ғӯза пахтаро кашида мегирифтам ва дасти дигар пояи онро медоштам. Бо ҳамин тарз ҳам то 60 – 70 килограмм пахта мечидам. Дар умрам як бор барои зиёд чидани пахта мукофот (он термос буд) гирифтаам. Акнун синну солам ба ҷое рафт. Беш аз 10 сол дар Идораи оби шаҳри Хуҷанд кор мекунам. Ҳар сол аз тарафи корхона ба пахтачинӣ меоям. Ҳафтаи пеш 30 килограмм пахта чидам. Имрӯз ҳам ҳаракат мекунам, ки нақшаи дар пеши худ гузоштаро иҷро кунам,гуфт холаи Зебӣ. Баъди нисфирӯзӣ дар майдони пахта бо Бобоҷон Хилватови 57 сола шинос шудем. Вай 32 сол боз дар бахши Тоҷик‐Телекоми шуъбаи алоқаи шаҳри Хуҷанд ҳамчун васлгар кор мекунад. Имрӯз ӯ низ ба ҳайси ҳашарчӣ ба майдони пахта омадааст.

‐Ҳавои тозаи пахтазор бароям хеле маъқул шуд ва замони кӯдакиро ба ёд овард. Пахтачиниро аз модар омӯхтаам. Мо, бачаҳо ба он кас дар чиниши пахта ёрӣ медодем. Баъзан вақт даруни пахтазор модарро гум карда, гиря мекардем. Модарам дар ҷойи муайяни қатори байни ҷӯякҳо халтаи васеъро, ки пури пахта карда буд, мегузошт ва мегуфт, ки аз ҳамин хат ба дигар ҷо наравем. Сарфи назар аз ин, ба дигар хатҳои пахта мегузаштему “гум” мешудем, бо лабханд ба ёд овард Бобоҷон. Бобоҷон Хилватов то нисфирӯзӣ 25 килограммпахта ҷамъоварӣ кард. Ҳоло халтаҳои пас аз нифирӯзиашро ба тарозу нагузошта, тахмин зад, ки боз 25 ‐30 килограмм тиллои сафед чидааст.

‐Дар овони ҷавонӣ чинакчии фаъол будам. Туҳфаҳои хотирмонеро соҳиб шуда будам. Аз мукофотҳо як зарфи ороишӣ боқӣ мондааст.  Дар баробари рафтани синну сол қуввати одамӣ ҳам кам мешудааст. Аз пахтачинӣ одам бемор намешавад, баръакс, саломатиаш беҳтар мешавад. Падарам 94 сола мебошанд. То ҳозир бардаму солиманд, чун дар замини кишти додаронам вақти худро мегузаронанд. Ман ҳам дар пайравӣ ба падар серҳаракат будан мехоҳам, то бемор нашавам, арз дошт Бобоҷон Хилватов.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh