ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТ МУСОИДАТ ДАР ТАЪМИНИ АҲОЛӢ

Сокинони аксар мавзею маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят баъзе намуди маҳсулоти кишоварзиро дар зарфҳои алоҳида бо риояи анъана ва тарзу усулҳои хоса захира карда нигаҳ медоранд, ки на танҳо дар зимистон, балки то баҳори нав сифати хуби худро гум намекунанд. Дар хонаҳо баъзе намуди маҳсулот барои як ё ду сол захира мешаванд. Масалан, шолӣ бо тарзу усулҳои бобоӣ муддати дароз нигоҳдорӣ мешавад.

Бобоҷон Ғафуров Ҳасан Абдураҳимов агар дар сандуқҳо ғалларо нигоҳ дорем, якчанд сол сифати худро гум накарда меистад. Ҳатто шолиро низ ҳамин гуна нигоҳ дорем, ду ‐се сол нигоҳ доштан мумкин аст. Истифодаи чунин усулҳо имкон медиҳад, ки ғалла, орду равған, лубиёгиҳо, меваи хушк, қоқи туту зардолу ва дигар намуди озуқа сифату таркиб, ғизою витаминнокии табииро нигоҳ медоранд. Агар захираи як ‐ду солаи маводи ғизоӣ дар ҳар хона як роҳи таъминот бошад.

Дар ҳаҷми калон захира намудани маҳсулот дар анборҳо, яхдон, сардхонаҳо барои таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистон то аввали баҳор то истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии нав нақши асосӣ дорад. Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани инфрасохтори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла сохтмони сардхонаҳои ҳозиразамон Сарраёсати кишоварзии вилоят дар якҷоягӣ бо идораҳои марбута ва зерсохторҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро равона намуда, дар ин самт корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Бино ба иттилои намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят Мухторҷон Тоҷиев дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 37 сардхона фаъолият дошта, ғунҷоиши онҳо аз 40 то 1700 тоннаро ташкил медиҳад. Баҳри истифодаи иқтидорҳои сардхонаҳо, захираи ҳарчи бештари маҳсулот ва мусоидат дар таъмини аҳолии вилоят бо маҳсулоти тару тоза дар давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои муайянро ба сомон расонида, тибқи маълумоти фаврӣ то санаи 10‐уми октябри соли 2022 барои мавсими зимистону аввали баҳорӣ солҳои 2022‐2023 ҳамагӣ 1079 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира гардида, аз ҷумла 602 тонна себ, 317 тонна ангур, 30 тонна биҳӣ, 40 тонна хурмо ва 90 тонна сабзӣ захира шуд,‐гуфт М.Тоҷиев. Бояд гуфт, ки ин омил дар давраи зимистон низ дастрасӣ ба маводи ғизоии тару тозаи хушсифати кишоварзӣ буда, он имкон медиҳад, ки то давраи баҳор ва марҳалаи минбаъда бозор низ таъмин карда шавад.

Дар шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристон барои нигоҳдории картошка анборҳои заминӣ ё чағора истифода мешаванд. Дар ингуна анборҳо таркибу сифати табиӣ ва намуди картошка хуб нигоҳ дошта мешаванд. Бино ба гуфти сардори идораи кишоварзии ноҳияи Деваштич Мирзо Мирзоев, дар ноҳия зиёда аз 200 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шудааст. Захираи он бошад, то ба санаи 1‐уми октябри соли ҷорӣ 119 ҳазору 725 тоннаро дарбар мегирад. Дар ноҳияи Шаҳристон барои захираи картошка ва мева сардхонаҳои нав бунёд гардиданд.

Дар бунёди ин гуна сардхона талаботи муосир барои нигоҳдории ҳаҷми зиёд ва усулу анъанаҳои миллӣ ҷорӣ шуданд. Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 200 тонна маҳсулот мавҷуд мебошад. Айни замон дар он ба миқдори 100 тонна мевагиҳо ба монанди ангур, олу, себу анор ва қулфинай захира шудааст.

Бино ба иттилои масъулини Муассисаи давлатӣ сардхонаро дар се марҳала истифода мебаранд. Алҳол барои давраи зимистон нигоҳдории меваю сабзавотро барои ҳам хуб нигоҳ доштан ва бозори дохилиро таъмин намудан бо меваҳои тару тоза истифода бурда истодаанд. Дар вилоят ҳоло як қатор иқдомҳои соҳибкорон ва тадбиқи лоиҳаҳо оид ба бунёди сардхонаҳои замонавӣ амалӣ мешаванд, ки нигоҳдории ҳаҷми калони маҳсулот ва содироти меваю сабзавотро пешбинӣ меномоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh