ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТУ ПАРАНДАГОН ВАЗИФАИ МУҲИМИ ҲАР ИНСОН АСТ
- Details
- Published on Thursday, 19 January 2023 14:34
Дар мавсими имсолаи зимистон ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки фасли сармо бисёр сард шуда, ҳаво то ‐20 – 25 дараҷа хунук аст. Дар баландкӯҳҳо бошад, ҳарорати ҳаво ҳатто то ба ‐35 -40 дараҷа низ расид. Бино ба иттилои коршиносон, чунин паст омадани ҳаво 15‐20 сол қабл ба назар расида буд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ба миён омадани вазъи ниҳоят ҳавои сарду бориши зиёди барф бархе муаммоҳоро ба миён меорад, аз ҷумла ҳайвонҳои ваҳшӣ ва парандаҳои нодир барои дарёфти ғизо танқисӣ мекашанд. Дарёфти ғизо барои онон душвор мегардаду аз гуруснагӣ имкони ба ҳалокат расиданашон бештар мегардад.
Аз ин лиҳоз баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо ҳамасола аз тарафи масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зист вилоят дар тамоми қаламрави шаҳру навоҳии вилоят корҳои биотехникӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла аввали моҳи январи соли равон бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон дар парваришгоҳи Зарафшон, мавзеъҳои Тегирмон, Раҷабалӣ ва Нилуфари шаҳри Панҷакент, мавзеи Дашти Искодари ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Тибқи маълумоти масъулин, дар ин мавзеъҳо ҳайвонот, ба монанди хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, бабри барфӣ, кабк ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд. Боиси қайд аст, ки соли гузашта барои таъмини ҷойи муҳофизавии ғизодиҳии парандагони ваҳшии сукунатдошта ва муҳоҷир майдони 2 гектар бо симтўр иҳота карда шуда буд.
Ҳамзамон, бино ба иттилои сарҷангалпарвар, муовини директори Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали вилоят Тоҷиддин Насриддинов, дар вилоят беш аз 550 ҳазор гектар ҷангал мавҷуд буда, зиёд аз 100 ҳазор парандаву ҳайвони ваҳшӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамасола барои беталаф гузаронидани фасли сармо ва ҳифзи парандагони нодиру ҳайвонҳои ваҳшӣ маводи ғизоӣ барои даррандагону парандагон омодагӣ дида, миқдори зарурии маҳсулоту хӯрокаи мухталиф, ғизои худрӯйи ҷангал ва хошок дар анборҳо захира карда шудааст.
Тоҷиддин Насриддинов изҳор дошт, ки бо баробари сард шудани ҳаво аз ҷониби ҷангалбонон низ дар минтақаҳои кӯҳӣ корҳои биотехникӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла аз санаи 1‐ум то 17-уми январи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Деваштич, Истаравшан ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷиҳати ҳифзу пешгирии нобудшавии ҳайвоноту парандагони ваҳшиву нодир ва таъмини онҳо бо ғизо, аз ҷумла 1,2 тонна резаи гандум, ҷав, 1, 4 тонна маҳсулоту растании кӯҳии хушк кардашуда мисоли хуч, олучақоқ, себқоқ, 200 килограмм хӯрокаи кунҷора, 400 килограмм картошка, 2,1 тонна хошока, 340 килограмм намак корҳои биотехникӣ расонида шудааст.
Бино ба гуфти масъулин, чунин корҳо то фарорасии фасли баҳор, яъне пайдошавии ҳосил идома хоҳад ёфт. Албатта, чораҷӯиву роҳандозии чунин корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои рушди хоҷагии ҷангал роҳ ба сӯи ҳифзи табиати атроф мебошад. Чунин омилҳо оид ба беҳбуд бахшидан ба ҳолати ҳифзи муҳити зист, нигоҳдориву афзуншавии ҳайвоноту парандагони нодири мавҷуда, барои тоза кардани табиат, беҳтаршавии муҳити зист нигаронида шудаанд.
Аз ин хотир дар баробари масъулини сохтору ташкилоти марбутаи соҳа бояд ҳар шаҳрванде, ки нисбат ба ободиву ҳифзи табиат бетараф нест, масъулияти бештар зоҳир намуда, дар ин самт саҳмгузор гашта, нигаҳдориву ҳифзи табиатро вазифаи муҳими ҷонии худ шуморад.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”