ТОКБУРИ ХУШКОР
- Details
- Published on Friday, 03 March 2023 09:41
Аксарияти мардуми деҳаи Унҷӣ ба касби деҳқонӣ машғул буда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда доранд. Ҳамаи онҳо узви Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеванд, ба пешаи авлодии худ содиқ монда, аз паси кори деҳқонии худ зиндагӣ пеш мебаранд.
Яке аз онҳо Абдураҳмон Ҷумъаев мебошад. Вай насли сеюми авлоди деҳқон аст. Падараш Абдусаттор Ҷумъаев (руҳашон шод бод) иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, оянда машғули кори кишоварзӣ шуда, се писару се духтарро бо нони деҳқонӣ ба воя расонид, соҳиби хонаву дар намуд.
Писари дуюми оила‐Абдураҳмон ба касби авлодӣ содиқ монда, анъанаи падару бобояшро идома дода истодааст. Вай ҳоло 56 сола буда, собиқаи 35 солаи корӣ дорад. Шавқи ӯ ба парвариши ток зиёд буда, дар ҳавлиаш хелҳои гуногуни дарахти токро парвариш менамояд. Ангурҳои ҳусайнӣ, чараси якдона, тагобӣ, чиллагӣ, дили кафтар, думи рӯбоҳ маҳсули заҳматҳои ӯянд.
Абдураҳмон ҳар як чорабинии агротехникии токро сари вақт иҷро карда, ба гирифтани ҳосили зиёд муваффақ мегардад.
Дар ин рӯзҳои нарми охири фасли зимистон ӯ хеле серкор аст: вақти токбуррӣ расидааст. Ӯ бо як маҳорати ба худаш хос навдаҳои токро мебуррад. Ин усули корро ба фарзандонаш Ғафурҷон ва Абдусаттор низ омӯзонидааст. Инчунин, навдаҳои токҳои бародаронаш, ҳамсояю ҳамсолонашро низ хуб ба тартиб дароварда, дар ба даст овардани ҳосили фаровони ангури онҳо саҳмгузорӣ дорад.
Мо низ ба ин деҳқони хушсалиқаву муҳимба‐ рор барори кор ва ҳосили фаровонро таманно дорем.
Алиҷон ОЛИМОВ,
«Ҳақиқати Суғд»