Шиносоӣ бо фаъолияти кирмакпарварон дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Спитамен

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо рафти парвариши кирмак шинос гардид. 

Аҳли оилаи Тошовҳо бо меҳнати худ дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм гузошта, ҳамасола дар ин шабу рӯз ба кирмакпарварӣ машғул ҳастанд. 

Бо истифода аз таҷрибаи кофӣ ин оила имсол низ якуним қуттӣ кирмак гирифта, тасмим доранд, ки пиллаи истеҳсолкардаи худро ба давлат супоранд. Соли равон дар шахри Истаравшан 280 қуттӣ кирмак парвариш карда шуда, хоҷагидорон нақшаи гузошташударо иҷро намоянд. 

Раиси вилоят ба оилаи Тошовҳо барои хизмати софдилонаашон изҳори сипос намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид. Қайд карда шуд, ки бо заҳмати шабонарӯзии чунин оилаҳо ҳамасола пиллаи зарурӣ истеҳсол мегардад.

Раиси вилоят дар ноҳияи Спитамен фаъолияти кирмакпарваронро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. 

Оилаи Бобоева Назокат соли равон ду қуттӣ кирмак гирифта, бо риояи ҳатмии қоидаҳои парвариш ва нигоҳубини кирмак имрӯз тавонистанд ба гирфтани ҳосили хуб даст ёбанд. Айни замон бо ҷалби бонувони маҳал ҷамъоварии пилла ҷараён дошта, кирмакпарварон ҳосили хубро интизоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh