Ҳадаф - таъмини амнияти озуқаворӣ

Дар ноҳияи Деваштич Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо кишоварзон, деҳқонони асили ноҳия мулоқоти гарму самимӣ орост.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки давоми чанд соли охир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка дар вилояти Суғд зиёд карда шуда истодааст. Ноҳияи Деваштич аз минтақаҳои асосии кишту парвариши картошка дар вилоят ба ҳисоб рафта, хоҷагидорон бо истифода аз шароити муосиди фароҳамгардида ва дастраси ба обу замин ҳамасола майдони кишт ва истеҳсоли картошкаро зиёд менамоянд.

Бо ин мақсад заминҳои бекорхобида ва лалмӣ бо кофтани чоҳҳои амудӣ ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ҳамзамон ҳосили хуб рӯёнида мешавад. Кишоварзони ноҳия давоми чанд соли охир бо мақсади иҷрои супоришҳои Сарвари давлат майдони кишти картошкаро зиёд менамоянд. Имрӯзҳо дар ноҳияи Деваштич 12 намуди тухмии картошка парвариш карда мешавад, ки ба боду иқлими минтақа мутобиқ мебошад. Деҳқонони ноҳия азми қавӣ доранд, ки то соли 2030 истеҳсоли картошкаро то ба 500 ҳазор тонна расонанд. Соли равон кишти картошка дар майдони 5500 гектар ба нақша гирифта шуда, то ин марҳила нақшаи пешбинишуда пурра иҷро гардидааст.

Роҳбарият ва кишоварзони ноҳия тасмим доранд, ки иловатан боз 1000 гектар картошка кишт намуда, бо баланд бардоштани ҳосилнокӣ соли ҷорӣ зиёда аз 250 ҳазор тонна картошка истеҳсол намоянд.

Бояд гуфт, ки обёрии заминҳои кишоварзӣ асосан тавассути чоҳҳои амудӣ сурат гирифта, дар бунёду кофтани чоҳҳо саҳми хоҷагидорон низаррас аст.

Аз ҷумла, аз тарафи як гуруҳ бошандагони Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоили Сомонӣ ба масофаи 14 км тавассути қубури 280 мм об бароварда шуд. Ин тадбири муҳим имкон медиҳад, ки зиёда аз 80 гектар заминҳои лалмӣ обёрӣ гардида, кишти картошка дар онҳо ба роҳ монда шавад. Зеро кафолати ҳосили баланд ин дастрасии саривақтии кишоварзон ба оби полезӣ ба шумор меравад. Минтақаи мазкур барои кишту парвариши картошка хело мувофиқ буда, метавон то 300- 400 сентнерӣ ҳосил ба даст овард.

Дар ноҳияи Деваштич давоми чанд соли охир бинобар сабабаи зиёд гаштани аҳоливу ба кор андохтани чоҳҳои амудӣ сарборӣ дар зеристгоҳи барқи «Куҳистон» зиёд гашта, дар таъмионти барк мушкилиҳо ба миён омад.

Дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як трансфарматори ин зеристгоҳ ба пуррагӣ навсозӣ гардида, иқтидори он ба маротиб баланд гардонда шуд.

Ин тадбир имкон медиҳад, ки дар баробари беҳтар намудани таъминоти нерӯи барқ ба аҳолии 4 деҳаи минтақа ҳамзамон 150 адад чоҳҳои амудӣ бонизом фаъолият намоянд.

Аз деҳқонон даъват карда шуд, ки ба кишти картошка ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои гирифтани ҳосили хуб ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh