Шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

29 августи соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии ба номи “Мирраҳмат” шинос гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Мирраҳмат”-и деҳоти Гулхона соли 2016 таъсис ёфтааст. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 3,24 гектар буда, дар 0,90 га пахта 0,90 га булғорӣ, 0,50 га пиёз, 0,40 га бехӣ, 0,54 беда ва дигар зироати кишоварзӣ кишт карда шудааст. Нашъу намои пахта дар ҳолати хуб буда, хоҷагидорон боварӣ доранд, ки ҳосили хуб ба даст меоранд.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо деҳқонон таъкид кард, ки ҳар порча замин бояд самаранок истифода бурда шавад.

Зеро дар шароити куҳсор танҳо бо истифодаи оқилонаи замин метавон амнияти озуқавориро таъмин кард.

Бояд зикр кард, ки деҳқонони ноҳияи Ҷаббор Расулов дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, заминро самаранок истифода мебаранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh