Кишоварзон ба замин муносибати некбинона зоҳир мекунанд
- Details
- Published on Tuesday, 12 November 2024 10:32
Истифодаи мақсадноку оқилонаи замин яке аз ҳадафҳои асосии аҳли хоҷагидорону кишоварзон ба ҳисоб рафта, дар ин раванд тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Кишоварзони вилоят бо истифода аз таҷриба, обу замин ва тухмиҳои хушсифат ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, барои гирифтани ду се ҳосил дар як сол заҳмат мекашанд.
Дар тамоми шаҳру навоҳии кишоварзии вилоят татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи оқилона ва мақсадноки замин ба хубӣ мушоҳида намудан мумкин аст. Зеро ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода гардида, дар як сол ду се ҳосил гирифта мешавад.
Имрўзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят маъракаи ҷамъоварии ҳосили пухтарасида ва ҳамзамон кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ ҷараён дошта, аз тарафи деҳқонон асосан ғалладонагиҳо ба монанди гандум ва ҷав кишт карда мешавад. Бо ин мақсад дар заминҳои беканори ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан кишти ғалладонагиҳо ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ бо раванди корҳои саҳроӣ ва кишти тирамоҳӣ, истифодаи мақсадноку оқилонаи заминҳо ва рўёнидани ҳосили баландро деҳқонони ноҳия муҳим арзёбӣ доштан. Таъкид гардид, ки боришоти рўзҳои охир барои деҳқонон дар самти кишти ғалладонагиҳо дар заминҳои лалмӣ хеле саривақтӣ ва муфид буда, намнокии замин имкон медиҳад, ки сабзиши ин зироати кишоварзӣ хуб ҷараён гирад.
Бино ба иттилои Маърифат Раҷабова, намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилоят соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 282 ҳазору 832 гектар замин кишти зироатҳо гузаронида шудааст, нисбат ба соли гузаша 2515 гектар зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Деваштич 24 ҳазор гектар замини лалмӣ мавҷуд буда, ҳамасола дар фасли баҳору тирамоҳ дар ин заминҳо ғалладонагиҳо кишт мешавад. Дар мавсими тирамоҳии соли равон кишоварзони ноҳия азм доранд дар масоҳати умумии наздик 10 ҳазор гектар кишти гандум ва ҷавро ба роҳ монанд. Бо ин мақсад имрўзҳо аз тарафи роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ тамоми қувваи кишоварзон ба кишти ғалладонагиҳо равона карда шуда, 100 адад техника ҳамарўза дар саҳро қарор дорад. Бино ба андешаи мутахассисони соҳа обу ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ имкон медиҳад, ки дар шароити кишти саривақтӣ ҳосили баланд рўёнида шавад.
Тибқи иттилои масъулин то санаи 22-юми октябри соли равон тибқи маъмумотҳои фаврӣ дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич 2300 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст.
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ноҳия оид ба рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба санаи болозикр 8314 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки он дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бомаром идома дорад.
Аз ҷумла масоҳати кишти ғалладонагиҳо бе ҷуворимаккаи дон 119 ҳазору 824 гектар, аз ҷумла гандум 54 ҳазору 271 гектар, ҷав 48 ҳазору 625 гектар, шолӣ 9 ҳазору 619 гектар, лўбиёгиҳо 4 ҳазору 828 гектар ва ҷуворимаккаи дон 6 ҳазору 862 гектарро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 16 миллиарду 288 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 фоиз таъмин гардид.
Дурнамои кишти тирамоҳӣ тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят 35 ҳазолру 700 гектарро ташкил медиҳад, ки иҷрои он то санаи 7-уми ноябри соли ҷорӣ зиёда аз 30 ҳазор гектар мебошад, ки нисбат ба дурнамо 84,2 фоизро ташкил медиҳад.
Барои дар сатҳи хуб гузаронидани корхои кишоварзӣ, ҳамаи имкониятҳо аз ҷумла заминҳои ҳосилхез ва техникаю мошинолоти зарурӣ фароҳам аст. Ба ин далел кишоварзон ба ҳар ваҷаб замин муносибати некбинона зоҳир мекунанд. Деҳқонони вилоят ният доранд, ки имсол низ шудгор ва кишту кори тирамоҳиро ба анҷом расонда, ба ин васила ҳам худ фоида гиранд ва ҳам бозори истеъмолии сокинонро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоянд, ки ин тадбир саҳмгузорӣ дар амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии давлат - таъмини амнияти озуқаворӣ ба хисоб меравад.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»