Ҷамъбасти бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ
- Details
- Published on Tuesday, 19 November 2024 10:12
Санаи 15-уми ноябри соли 2024 дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» маросими мутантани ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ дар соли равон байни шаҳру навоҳии пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни беҳтарин иштирок доштанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар бистрӯзаи дуюми мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ ҷои якум насиби ноҳияи Ашт гардид. Заркорони ноҳия то имрӯз 8301,7 тонна пахта истеҳсол карда, нақшаи муқарраршударо 58,5 фоиз иҷро намуданд.
Ҷои дуюмро аҳли меҳнати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиб гардиданд ва пахтакорони ноҳия 13856,4 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ карда, нақшаро 74 дарсад иҷро намуданд. Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бошад миёни ҷамоатҳо пешқадам дониста шуд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагиҳои халқ, аз ҷумла соҳаи пахтакорӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва ба ин восита таъсис додани ҷойҳои нави корӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешад.
Дар соҳаи пахтакорӣ ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат барои мунтазам зиёд намудани масоҳати замини кишти пунбадона, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва бо ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пахта чораҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст. Аз ҷумла соли 2024 масоҳати кишти пунбадона дар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ба 52 ҳазор гектар расонида шуд, ки он нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Пахтакорони вилоят азм доранд, ки соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.
Боиси қайд аст, ки санаи 8-уми октябри соли равон бистрўзаи якуми мусобиқа байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуда буданд.
Инак, бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ ҷамъбаст гардид ва он собит кард, ки мусобиқаи меҳнатӣ барои пешқадамӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пуршиддат аст.
То санаи 15-уми ноябри соли равон ба хирмани давлат 75 ҳазору 347 тонна «тиллои сафед» рехта шуд, ки баробари 56 фоизи дурнамо мебошад.
Барои бунёди хирмани вилоят, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Спитамен ва Мастчоҳ саҳми бештар гузоштанд.
Хоҷагидорону кишоварзони ин минтақаҳо ҳар рўз ба ҳисоби миёна баробари 1 то 2 фоизи дурнамои солона пахта ҷамъ оварда, ба ҳосилғундорӣ суръат зам намуданд ва пешқадамони мусобиқа мебошанд.
Ҳамчунин, Қурбонали Шарифов механизатор аз хоҷагии деҳқонии “Давлатбой”-и ноҳияи Зафаробод, ки дар мавсими имсола беш аз 105 тонна дурри гаронбаҳоро ҷамъоварӣ намудааст, ғолиби мусобиқа ва “Механизатори беҳтарин” дониста шуд.
- Боварии комил дорам, ки кӯшишҳои деҳқонони заҳматқарин барои беталаф ғундоштани ҳосили пахта ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо суръати тоза ҷараён гирифта, онҳо соли 2024 - ро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст менамоянд, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Дар маъракаи ҷамъбасти бистрӯзаи дуюми мавсими пахтачинӣ, ҳамчунин раиси ноҳияи Ашт, раиси Ҷамоати шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳ ва рўзноманигор ва нависанда Додохони Эгамзод сухан ронда, бобати тавсеаи корҳои саҳроӣ, таъмини саривақтии дурнамои пахтасупорӣ ва ҳиммати баланди кишоварзони меҳнатқарин ҳарф заданд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”