Ҷамъоварии пахта идома дорад
- Details
- Published on Tuesday, 19 November 2024 10:13
Давоми солҳои охир дар Тоҷикистон ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи бештар равона шуда истодааст, ки ин омил ба рушд ва фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ замина мегузорад.
Мусаллам аст, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар буда деҳқононро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаи хеш зиёдтар бикӯшанд.
Имсол деҳқонони шарафманди вилоят дар кишт ва нигоҳубини пахта, ба қавле тиллои сафед корҳои назаррас анҷом доданд ва натиҷаи заҳмати эшон ҳосили хуб ба бор овард. Аз даҳаи дувуми моҳи сентябр дар баъзе манотиқи вилоят ҷамъоварии ин навъ маҳсулоти кишоварзӣ оғоз шуда буд ва ҳоло низ бо маром ҷараён дорад.
Ба ҷуз деҳқонон дигар сокинони шарафманди вилоят, новобаста аз касбу кор, дар вақти холигияшон паҳлуи марди деҳқон истода дар ҷамъоварии пахта саҳми назаррас нишон медиҳанд.
Яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори вилоят – Ашт маҳсуб ёфта, ҳамасола бо маҳсулоти кишоварзии хеш бозорҳои кишварро таъмин менамояд.
Тибқи иттилои сардори раёсати кишоварзии ноҳия, Бахтиёр Усмонов соли равон 5 ҳазору 980 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст.
Кишоварзон бештар навъи тухмиҳои “Мая 455”, “Дӯстӣ”, “Нӯъмон” ва ғайраҳоро кишт мекунанд, ки ба иқлими ноҳия мутобиқ аст.
- То ба санаи 20- уми ноябр зиёда аз 8 ҳазор тонна пахта истеҳсол шудааст, ки наздик 60 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи дурнамо бояд 14 ҳазору 197 тонна истеҳсол шавад,- афзуд, мавсуф.
Мавриди таъкид аст, ки ҳоло 1180 хоҷагии деҳқонӣ дар Ашт ба парвариши пахта машғуланд. Ноҳия нӯҳ ҷамоат дорад ва 8 тои он бевосита ба ҷамоатҳои пахтакор шомиланд.
Рӯзи гузашта зиёда аз 4 ҳазор нафар барои ҷамъоварии пахта фаъолона иштирок карданд. Ҷоизи таъкид аст, ки аз онҳо 3600 нафарашон саҳмдорон буда, боқимондаҳоро ҳашарчиён ташкил медиҳанд. Ба ҷамъоварии пахта дар майдонҳои пахтазор қариб аз ҳама қишрҳои аҳолӣ ҳузур доранду кӯшиш мекунанд ба марди деҳқон ёрӣ расонанд. Ҳашарчиён ба ҳисоби миёна дар як рӯз аз 30 то 38 килограмм тиллои сафед мечинанд.
Масъулини ноҳия иброз доштанд, ки саҳмдорону ҳашарчиёни Ҷамоатҳои деҳоти Ориён, Ифтихор, Ошоба, Шодоба ва Понғоз нисбат ба дигар ҷамоатҳои ноҳия фаъолтаранд.
- Бо иҷро намудани зиёда аз 70 фоизи дурнамо ҳоло Ҷамоати деҳоти Ориён зинаи аввалро байни дигар ҷамоатҳои ноҳия ишғол мекунад,- гуфт Бахтиёр Усмонов.
Дар ноҳияи Ашт ба ҷуз истеҳсол, ҳамзамон коркарди пахта низ дар корхонаҳои пахтатозакунӣ хуб ҷараён дорад. Дар ин раванд ҶДММ “Рахшона”, ҶДММ “Хизир Назар” фаъолияти хуб нишон медиҳанд ва деҳқонон маҳсулоти хешро асосан ба корхонаҳои мазкур супорида истодаанд. Деҳқонони шарафманди ноҳия мекӯшанд то омадани фасли сармо ҳосили бо меҳнати ҷабин рӯидаи худро ҷамъоварӣ кардаву дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва оилаи хеш мусоидат намоянд.
Бояд гуфт, ки то ба санаи 20- уми ноябр дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят тибқи маълумоти фаврӣ наздик 60 фоиз дурнамо, пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки кишоварзони вилоят бо меҳнати хуб барои фаровонҳосилии маҳсулоти кишоварзӣ, дар бозорҳои ҷумҳурӣ кӯшиш намуда ба мамлакатҳои хориҷӣ низ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мемонанд.
Сӯҳроб ОТАЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”