Ҳар ниҳол сабз аз эъҷози дасти пурҳунар
- Details
- Published on Tuesday, 21 January 2025 10:29
Давоми солҳои охир дар мамлакати мо бунёди боғ ва токзорҳои нав баҳри ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ хеле пурманфиат гашт. Зеро ҳосили боғоти меваҳои шаккарбори кишвари мо баробари бой гардонидани дастархони мардум ҳамчунин дар мамолики хориҷа харидори бисёр дарёфта, содироти мева ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам хушкмева нуфуз пайдо кард. Аз ин ҷост, ки бо дастуру супориши Пешвои муаззами миллат сол аз сол дар шаҳру ноҳияҳо нақшаи дурнамои бунёди боғоти нав тарҳрезӣ ва садҳо гектар боғу токзор бунёд мегарданд. Ин тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд.
Дар самти бунёди боғу токзорҳои нав ва дар ин замина торафт афзун гардонидани маҳсулоти боғоту токзор нақши хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ба қавле, калидӣ аст. Зеро хоҷагиҳои ниҳолпарвар навъу намудҳои муосир, серҳосил, ба иқлими минтақаҳои мо тобоварро парвариш карда, ба мардум пешкаш мекунанд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ниҳолпарварӣ»-и ноҳияи Зафаробод аз ҷумлаи чунин муассисаҳост. Тавре дар суҳбат директори ин муассисаи ниҳолпарварӣ Усмонзода Усмон Хоҷа иброз дошт, хоҷагӣ соли 1968 таъсис дода шуда, сохтори Агентии Хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Наздик шаст сол инҷониб ба хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди вилоят ва берун аз он, ҳамчунин ба сокинони мамлакат анвои гуногуни ниҳолҳоро пешниҳод мекунад. Дар маҷмуъ хоҷагӣ ҳамагӣ 124,3 гектар замин дошта, аз ин ҳисоб дар 12 гектар ниҳолу кӯчатҳо парвариш карда мешаванд. Аз он ҷумла ниҳоли дарахтони ҷангалии арча, ардач, санавбар, қайрағоч, мевадиҳандаи зардолу, олуболу, бодом, хуч, дарахтону буттаҳои ҳамешасабз, ороишиву сояафкан омода менамоем. Як бартарии муҳими хоҷагии ниҳолпарварии мо аз дигар ниҳолхонаҳо дар он аст, ки дар хоҷагии мо 15 гектар боғҳои модарӣ мавҷуд аст. Яъне, дар ин боғҳо дарахтони меваро аз тухмӣ, аз донакаш шинонда, парвариш карда мешаванд. Ниҳолҳои сабзидаро бошад, пайванд мекунанд. Сипас ин ниҳолу кӯчатҳо ба хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд,- таъкид намуданд Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ. - Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда масъалаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин нигаҳдориву афзоиш додани содироти он ба хориҷи кишвар ҳаллу фасл карда шаванд. Дар ин радиф бояд қайд намоям, ки, - иброз дошт сарвари Хоҷагии ниҳолпарварӣ, - соли 2024-ум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии Барномаи давлатии бунёди боғу токзор дар 4 гектар ниҳолхонаи нави намунавӣ бунёд намудем, ки дар ду гектараш ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ду гектараш ниҳоли дарахтони ҷангалӣ шинонда шудааст.
Дар маҷмуъ бошад, дар ин ниҳолхонаи намунавӣ парвариши 13 намуди кӯчати ниҳолҳои мева, сояафкану ороишӣ ва ҷангалӣ ба роҳ монда шуданд. Ва каме фурсат мегузараду ҳазорон ниҳолон сарсабз мешаванд, қад рост мекунанд, ба сарчашмаи ҳавои тоза ва, албатта, тозагии муҳити зистамон табдил меёбанд. Ва ҳар яки ин ниҳолон боғхо, қадди роҳҳо, хиёбону гулгаштҳои шаҳру навоҳӣ, назди коргоҳҳову муассисаҳо ва ҳавлиҳои мардумро оро медиҳанду ҳусну таровати тоза мебахшанд.
Алҳол агар дар хоҷагӣ миқдори умумии ниҳолҳои навъҳои гуногуни то сесола бештар аз 400 ҳазор бехро ташкил диҳад, бо қад афрохтани ниҳолони ниҳолхонаи нав теъдоди дарахтони Хоҷагии ниҳолпарварии мо имсол ба беш аз як миллион адад хоҳад расид.
Ҳоло бошад, бо оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ, яъне аллакай шуруъ аз рӯзҳои аввали соли нави милодӣ ниҳолҳоро ба фурӯш бароварда истодаем.
Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»