Дар Боғи миллии «Ваҳдат» ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд
- Details
- Published on Wednesday, 19 March 2025 18:38
Боғу токпарварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, солҳои охир бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд масоҳати боғу токзор зиёд мегардад.
Бо иқдоми нек ва ҳамкории судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон аз Испания ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ворид карда шуда, дар майдони 50 гектар шинонида мешаванд, ки 40 гектараш ба Боғи миллии «Ваҳдат» рост меояд. Дар ҷараёни бунёди боғҳои нав мутахассисони варзида ба боғдорон маслиҳатҳои зарурӣ медиҳанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ иброз дошт, ки ин иқдом ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории олимон ва кишоварзон мусоидат намуда, рушди соҳаи боғдориро ба сатҳи баланд мебардорад. Ниҳолҳои шинонидашуда тавассути усули муосири қатрагӣ обёрӣ мешавад. Ба гуфтаи мутахассисон, ин дарахтон дар солҳои дуюм ва сеюм самар дода, ҳосили фаровон хоҳанд дод.
Дар ҷараёни боздид аз фаъолияти боғдорӣ ва маданияти истифодаи замин дар Боғи миллии «Ваҳдат» таъкид гардид, ки дар шароити имрӯза истифодаи оқилонаи ҳар порча замин амри муҳим мебошад. Масъулини боғ ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, барои рушди соҳа пайваста талош доранд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имсол дарахтони боғ пурбор буда, дар сурати мусоид омадани боду ҳаво ва ҳифзи ниҳолҳо аз касалиҳои зараррасон ҳосили фаровон рӯёнида хоҳад шуд.
Ҷоизи зикр аст, ки Боғи миллии «Ваҳдат» соли 2008 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, сол то сол майдони боғу токзори он васеъ мегардад. Айни ҳол дар сардхонаи Боғи миллии «Ваҳдат» захираи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзӣ, картошка, пиёз ва себ мавҷуд аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд