Дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид

5 апрели соли 2025 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд. 

Ҳадаф аз ташкили ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ таъмини дастрасии бештари сокинон ба маҳсулоти озуқавории нисбатан арзон ва босифат мебошад 

Чуноне зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка мушоҳида гардид, аз ҷониби шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, равған, гӯшт, тухм, орд ва дигар маводи зарурии ҳаррӯза бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шудааст.

Ташкили чунин ярмаркаҳо ба ҳукми анъана даромада, дар оянда низ ба таври мунтазам доир карда мешавад ва бо ин васила нархи молу маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозор танзим хоҳад шуд.

Сокинони шаҳр ташкили чунин ярмаркаро иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh