Оғози кишти пунбадона
- Details
- Published on Monday, 07 April 2025 14:37
Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои асосии кишоварзии вилояти Суғд мебошад, ки нақши муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоиро барои минтақа иҷро мекунад. Бино ба маълумоти расмӣ то 3 апрели соли 2025, кишти пунбадона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо суръати баланди иҷрои корҳо идома дорад.
Бино ба иттилои муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода, дар мавсими имсола кишоварзони вилоят тибқи дурнамо бояд дар майдони 59 ҳазору 633 гектар чигит коранд. То ба санаи 3-юми апрели соли 2025 дар майдони 1889 гектар замин кишт карда шуд, ки 3,2 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Кишти пахта дар зери плёнка 97 гектар мебошад. Бо назардошти баланд бардоштани ҳосилнокии пахта, дар хоҷагиҳои навоҳии вилоят ба ҷуз навъи тухмии ватанӣ, ҳамчунин, тухмиҳои серҳосили кишварҳои Туркия, Чин ва Ӯзбекистон низ корида мешаванд.
Кишоварзони шаҳри Конибодом бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва ҷиҳати татбиқи таҷрибаҳои илмии пешрафта дар истеҳсолот бори нахуст кишти пахтаро дар зери плёнка роҳандозӣ намуданд.
Маросими оғози кишти пахта дар зери плёнка дар Хоҷагии деҳқонии «Аҳмадҷон» баргузор шуд, ки дар он Раиси вилояти Суғд бо пошидани нахустин донаҳои умед ба кишти пахта оғоз бахшид.
Соли ҷорӣ кишоварзони шаҳр дар майдони 5690 гектар пахта кишт мекунанд. Танҳо дар Хоҷагии деҳқонии «Аҳмадҷон» дар 17 гектар кишти пахта ба роҳ монда мешавад.
Ба таъкиди мутахассисон, кишти пахта дар зери плёнка аз чанд ҷиҳат бартарӣ дошта, барои гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат мусоидат мекунад.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вилоят ба рушди соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Истифодаи таҷрибаҳои пешрафта, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка ба кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ ва афзоиши ҳосилнокӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин саҳми кишоварзон, соли гузашта дар пойгоҳҳои обкашии шаҳр якчанд агрегатҳои нав дастрас карда шуданд ва вазъи таъминоти заминҳо бо об беҳтар гардид.
Кишоварзонро зарур аст, ки барои иҷрои нақшаҳои гузошташуда меҳнат намуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.
Ҳамчунин, дар Хоҷагии деҳқонии “Сайёд”, воқеъ дар деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ низ маъракаи кишти пунбадонаи зери плёнка оғоз гардид.
Тибқи нақша, имсол дар ноҳия дар майдони 12 441 гектар кишти пунбадона ба роҳ монда мешавад. Дар зери плёнка бошад, кишти пунбадона дар майдони 2500 гектар ба роҳ монда шудааст. Кишти пахта бо истифода аз плёнка солҳои охир дар баъзе минтақаҳои кишвар ҷорӣ шуда, самаранокии худро нишон додааст. Ин усул имкон медиҳад, ки нашъунамои пахта нисбат ба кишти анъанавӣ тезтар сурат гирифта, талафи намӣ дар хок камтар бошад ва ҳосилнокӣ афзоиш ёбад.
Истифодаи усулҳои муосири кишоварзӣ, аз ҷумла кишти пахта дар зери плёнка, яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани истеҳсолоти пахтакорӣ ва беҳтар намудани ҳосилнокӣ мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, кишти пахта дар зери плёнка барои минтақаҳои камоб беҳтарин роҳ мебошад, зеро он имкон медиҳад, ки намнокии хок нигоҳ дошта шуда, сабзишу инкишофи ниҳол тезтар сурат гирад. Инчунин, плёнка ҳарорати хокро дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, боиси нашъунамои босифати пахта мегардад.
Деҳқонони Хоҷагии деҳқонии“Сайёд” изҳор доштанд, ки таҷрибаи дигар минтақаҳо ва тавсияҳои мутахассисонро ба назар гирифта, умед доранд, ки бо ин усул ҳосили баланд ба даст меоранд. Ин хоҷагӣ соли равон дар майдони 4 гектар замин кишти пунбадонаи зери плёнкаро ба роҳ мемонад. Тавре масъулон иброз медоранд, кишти пахтаи зери плёнка на танҳо ҳосилнокиро зиёд мекунад, балки боиси кам шудани хароҷоти кишоварзон мегардад. Ин усул имконият медиҳад, ки обёрии пахта дар давраи нашъунамои аввала самараноктар сурат гирад ва нашъунамои тухмӣ муътадил бошад.
Масъулини соҳа ва мутахассисони кишоварзӣ бар ин назаранд, ки дар оянда васеъ намудани кишти пахтаи зери плёнка метавонад як қадами муҳими рушди пахтакорӣ дар ноҳия бошад.
Бо мусоид омадани боду ҳаво ва мӯътадил гардидани ҳарорати хок, кишоварзони ноҳияи Зафаробод ба кишти пунбадона оғоз намуданд. Дар назар аст, ки соли 2025 кишоварзони ноҳия дар майдони 14 740 гектар пунбадона, аз ҷумла 1000 гектар зери плёнка кишт намоянд.
Санаи 20-уми марти соли ҷорӣ, Хоҷагии деҳқонии “Мубина 2020”–и Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод дар миқёси ноҳия аввалин шуда ба кишти пахта оғоз намуд. Дар маросими оғози кишти пунбадона иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати кишоварзӣ, пирони кор ва аъзои хоҷагии деҳқонӣ иштирок намуданд. Сипас, ҳамроҳ бо пирони кордидаю таҷрибадор донаи умедро ба замин пошида, бо дуои нек расман ба кишти пунбадона дар ноҳия оғоз бахшиданд.
Дар ҳамин рӯз, саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии “Камола” аз Ҷамоати шаҳрак низ ба кишти пунбадона оғоз намуданд. Аъзои хоҷагӣ мақсад доранд, ки кишти тухмиҳои навъҳои муосирро дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»