Оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии “Муъминбобо”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

8 апрели соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маросими оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии “Муъминбобо”-и Ҷамоати деҳоти Гулхона ширкат варзид.

Хоҷагии деҳқонии “Муъминбобо”, ки соли 2004 таъсис ёфтааст, дорои 33 гектар замини корам буда, аз он 23 гектар барои кишти пахта ҷудо шудааст. Тибқи нақша ва таъкиди кишоварзон аз ҳар гектар то 30-40 сентнер ҳосил ба даст оварда мешавад.

Зимни суҳбат бо кишоварзон Раиси вилоят барои самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, татбиқи усулҳои муосири кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини иҷрои нақшаи истеҳсолӣ супоришҳо дод. 

Таъкид гардид, ки пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати кишвар бо ашёи хом мусоидат мекунад, балки барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр нақши калидӣ мебозад.

Сипас, роҳбари вилоят бо фаъолияти гармхона ва ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ "Хайри сафо" шинос гардид. 

Масоҳати гармхонаи ҷамъият 1,95 гектар буда, дар он навъҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ парвариш меёбанд. 

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят ба кишоварзон ва масъулон барои самаранок истифода бурдани замин, зиёд кардани ҳосилнокӣ ва гирифтани се-чор ҳосил дар як сол дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид карда шуд, ки барои таъмини фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ бояд ҳар порча замин самаранок истифода бурда шавад. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сокинон заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигиро оқилона истифода бурда, дар як сол то 3-4 маротиба ҳосил мегиранд, ки намунаи ибрат аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh