Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод бо фаъолияти пойгоҳи обкашии “Қизилӣ-1” аз наздик шинос шуд.

Бо мақсади сари вақт гузаронидани кишти баҳорӣ ва таъмини заминҳо бо оби полезӣ дар ноҳияи Зафаробод бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тадбирҳои муҳим андешида мешавад .

Заминҳои кишоварзии ноҳия асосан тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо об таъмин мешаванд ва барои фаъолияти мунтазами онҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад. 

Ба иттилои масъулин пойгоҳҳои обкашии ноҳия барои мавсими кишти баҳории соли 2025 сари вақт аз таъмир бароварда шудааст. Фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ имсол нисбат ба соли гузашта 10-12 рӯз барвақт оғоз гардид.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки кишти баҳорӣ дар муҳлатҳои оптималӣ анҷом дода шавад. Бо истифода аз чунин шароити мусоид, дар ноҳияи Зафаробод кишти пахта муташаккилона идома дорад.

Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки фаъолияти мунтазами пойгоҳҳо таъмин карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат ҳамасола сатҳи таъминот бо об беҳтар мегардад. Соли 2024 бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар пойгоҳи обкашии “Мирзочул-2” як агрегати нав насб шуд ва соли ҷорӣ боз як агрегати нав ба ин ноҳия дастрас хоҳад гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh