Дар ноҳияи Спитамен 6490 гектар пахта кишт мешавад
- Details
- Published on Tuesday, 15 April 2025 13:03
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен бо рафти кишти пахта шинос гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода дар заминҳои ширкати «Спитамен Текстайлз» ба кишти пунбадона оғоз бахшид. Соли ҷорӣ ширкати мазкур дар масоҳати 2200 гектар пахта кишт мекунад. Барои ба даст овардани ҳосили босифат навъҳои тухмии ба минтақа мутобиқ ва серҳосил истифода мешаванд.
Дар маҷмӯъ, соли ҷорӣ дар ноҳияи Спитамен дар масоҳати 6490 гектар пахта кишт шуда, масъулон талош доранд, ки киштро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонанд.
Ноҳияи Спитамен яке аз ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд ба шумор меравад ва риояи қоидаҳои агротехникӣ замина барои гирифтани ҳосили дилхоҳ хоҳад шуд.
Раиси вилоят зимни суҳбат ба масъулин ва деҳқонон барои сари вақт ба анҷом расонидани кишти пахта супоришҳо дод.
Дар идома, Раиси вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Бегмурод Боймуродов ва Сиддиқ Ҷабборов хабар гирифта, ба онҳо сиҳатмандӣ ва умри дароз орзу кард. Бегмурод Боймуродов 74 сол дошта, 42 сол дар соҳаи маориф фаъолият намудааст. Сиддиқ Ҷабборов бошад собиқадори соҳаи мелиоратсия буда, таҷрибаи 50-солаи касбӣ дорад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд