Лизинг: Рафти кор аз куҷо то ба куҷо!

(Роҳбарони баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ин самт чи гуна нигоҳ доранд?)

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2007 таҳти рақами 597 дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шудааст. Корхонаи мазкур хоҷагиҳои кишоварзӣ (фермерӣ) ва шаҳрвандони ҷумҳуриро ново-баста аз шакли моликияташон, метавонад бо техника, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар воситаҳои мошинолотии кишоварзӣ тариқи лизинг таъмин намояд.

Лизинг чист ва мақсади он аз чӣ иборат аст?

 Лизинг — ин иҷораи гуногуни молиявӣ барои дастгирии техникаи соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ мебошад. Техника, воситаҳои техникӣ, қисмҳои эҳтиётӣ дар асоси шартнома ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳолӣ, тариқи пешпардохти 20 фоизи маблағӣ аз арзиши нархи муқаррарӣ, бе ягон пардохти иловагӣ мебошад. Маблағи боқимонда барои техника дар муддати 3 сол ва барои таҷҳизоти техникӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ дар муддати 8 моҳ пардохт карда мешавад.

Тавре аз сӯҳбати Қофлон Расулов - роҳбари филиали Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» аён гардид, ин бахш дар вилояти Суғд моҳи июли соли 2008 ташкил шудааст.

- Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик-агролизинг» дар асоси ариза ва дархостҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, бо техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ тариқи иҷораи молиявӣ дар асоси шартнома амалӣ мегардад. Қаблан, мӯҳлати шартнома аз соли 2008 то соли 2015 ба мӯҳлати 3 сол бо хоҷагиҳо баста мешуд, аз соли 2015 инҷониб бошад, мӯҳлати бастани шартнома 5 сол муқаррар гардид. Корхона техника ва таҷҳизотро бо фоизҳои моҳона 1 фоиз ва солона 12 фоиз пешниҳод менамояд, ки нисбат ба фоизҳои бонкҳо хеле кам мебошад. Корхона аз оғози фаъолияти худ бо зиёда аз 100 хоҷагии деҳқонии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ дорад, ки мувофиқи ариза ва дархости онҳо зиёда аз 110 адад трактор ва 200 адад мошинолотро ба маблағи зиёда аз 12 млн. сомонӣ ворид намудааст,-иброз дошт Қ.Расулов.

Корхона бо заводҳои тракторбарории Ҷумҳуриҳои Белоруссия, Украина, Федератсияи Россия, давлатҳои Туркия, Полша, Хитой, Эрон, Сербия ва коргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, трактор ва мошинолотҳоро харидорӣ ва дастраси кишоварзон менамояд.

Иқдоми ҳукумат дар ин самт

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корхона дар вилоят фаъ-олият бурда, 5 маркази хизматрасонии техникиро таъсис додааст. Онҳо дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Истаравшан, Деваштич ва Панҷакент фаъолият мебаранд ва бо 24 адад трактори тамғаҳояшон гуногун ва зиёда аз 70 адад мошинолоти кишоварзӣ таҷҳизотонида шуда, ба кишоварзон тариқи иҷора ва мувофиқи дархостҳояшон хизмат мерасонанд.

Тавре аз сӯҳбат бармеояд, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли ҷорӣ трактор ва мошинолоти марказҳои хизматрасонии техникӣ ба гардиши молиявӣ дароварда шудааст. Дар маркази хизматрасонии ноҳияи Деваштич ба пуррагӣ ҳамаи трактор бо таҷҳизоташ, дар шаҳри Исфара 2 адад трактор бо таҷҳизоташ, дар шаҳри Истаравшан 3 адад трактор бо таҷҳизоташ ба гардиши молиявӣ дароварда, дар ин самт кор дар шаҳру ноҳияҳо давом дорад ва то ҷамъбасти нимсолаи якум ба пуррагӣ амалӣ мешавад.

Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон № 474 аз 1 августи соли 2015 ва протоколи № 9 аз 27 июли соли 2015 Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудаанд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ таъсис диҳанд.

Беҳавсалагӣ ва ё бемасъулиятӣ?

Аммо иҷрои қарори мазкур аз бемасъулиятии роҳбарони аксарияти шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда нашудааст, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои Исфараву Мастчоҳ ва Спитамен то имрӯз на замину на бино ҷудо гардидааст, ки марказҳои хизматрасонӣ ташкил кунанд.

-Дар дигар шаҳру ноҳияҳо бошад, замин ё бино ҷудо гардиданд, аммо қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо нарасидааст ва ё дигар масъалаҳо оиди ташкил кардани он ҳалли худро наёфтааст,- бо таассуф иброз медорад Қофлон Расулов.

Аз рӯи гуфтаи мавсуф бармеояд, ки доир ба ин масъала барқияи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол шудааст, ки он дар арафаи иҷро шудан қарор дорад.

-Дар ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон барои таъсиси Марказҳои хизматрасонии техникӣ бо қарори раисони ноҳияҳо ҷойи нигаҳдории техника ва идораи корхона ҷудо гардидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, бино ва иншоот ҷудо карда шуда бошад ҳам, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо то ҳол ба имзо нарасидааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ҷаббор Расулов ва Деваштич барои ташкили Марказҳои хизматрасонии техникӣ қитъаи замин ҷудо гардида, қарори раисони шаҳру ноҳияҳо ба имзо нарасидааст ва корҳои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо рафта истодааст. Дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Маст-чоҳ корҳо оид ба ташкили Марказҳои хизматра-сонии техникӣ оғоз гардидааст,- иброз дошт Қофлонбек Расулов.

Шароит ҳаст, корро бояд пеш бурд!

Дар ин замина ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки шароити ҷойгир намудани базаи корӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дар ҳоли коркард қарор доштааст.  Бино ба гуфти сардори «Маркази хизматрасонии техникии шаҳри Конибодом» Баҳодурҷон Абдусатторов, моҳи сентябри соли 2009 дар асоси фармони КВД «Тоҷик-агролизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази номбурда таъсис ёфт.

-Маркази мазкур чанд сол қабл дар ҳайати КВД «Тоҷикагролизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, аз коргоҳи мавҷуда ба Маркази хизматрасонии техникии шаҳри Конибодом 4 адад техникаи шудгоркунандаи коркарди байниқатории тамғаи «Тоҷирон», ҳамзамон якчанд намуди  олоти кишоварзиро додааст. Ба ин техникаҳо механизаторонро тибқи шартнома ба кор қабул карда, бо  хоҷагиҳои деҳқонӣ низ дар асоси шартномаву нархномаи тасдиқшуда намудҳои гуногуни хизматрасонии техникаҳои кишоварзиро мерасонем, - иброз дошт сардори марказ Баҳодурҷон Абдусатторов.

Ҳангоми азназаргузаронии дастгоҳҳои марказ аён буд, ки воқеан ҳамаи техникаҳои кишоварзӣ дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта, лавозимоту техникаҳои зарурӣ барои хизматрасонӣ омодаанд.

Суоле ба миён меояд, ки роҳбарони шаҳру  ноҳияҳои дар ин самт тадбир наандешида то ба кай дар иҷроиши ин амр ба беҳавсалагӣ роҳ медиҳанд? Кай масъулият эҳсос намуда, баҳри амалӣ намудани  он камари ҳиммат мебанданд? Албатта, иҷроиши он аз раисони шаҳру навоҳӣ масъулиятшиносӣ талаб менамояд ва то кадом андоза иҷрогирдидани онро вақт нишон медиҳад.                                                                                               

Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh