Бунёди боғҳои интенсивӣ: манфиат ва сарфакорӣ

Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва фарогирии мардуми деҳот бо ҷойи корӣ мусоидатгар маҳсуб меёбад.

Дар Паёми худ Сарвари  давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ  Рамон аз 23 январи соли 2015 рушди соҳаи боғу токпарвариро дар ҷумҳурӣ аз омилҳои асосии баландшавии иқтисодиёт маънидод намудааст. Баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат бо иқдоми Раиси вилоят бобати  бунёди боғи интенсивӣ дар мавзеи Сомғор зиёда аз 1000 гектар бо усули обёрии қатрагӣ корҳои зиёде иҷро мешавад.

-Боғҳои интенсивӣ чӣ гуна аст ва аз боғҳои маъмулӣ чӣ фарқ дорад?

Ба ин суол Тоҷибой Бойматов - номзади илмҳои кишоварзӣ ҷавоб дод:

- Афзалияти боғҳои интенсивӣ ин, пеш аз ҳама, таъмини зичии ғунҷоиши ниҳолҳо дар як гектар ба ҳисоб меравад. Ҳосилбандиаш низ барвақт шурӯъ гардида, дарахтони донакдор то 25 – 30 тонна, тухмдор (себ, нок) зиёда аз 70 тонна ҳосил медиҳанд. Баландии дарахт бошад, 2,5-3 метрро ташкил медиҳад. Дар боғи интенсивӣ корҳои агротехникии башаклдарорӣ, буридан, чидани мева ва коркарди кимиёвӣ бар зидди касалиҳо, ҳашаротҳои зараррасон осон ва пурра гузаронида мешавад. Боғи интенсивӣ талаботҳои худро дорад: бояд хоки боғи бунёдшаванда серғизо, ҳосилхез бошад, чунки тагпайванди дарахтон вегетативӣ, решаҳояшон патакреша буда, наонқадар чуқур ҷойгир аст. Барои ҳамин озуқаи зиёдро талаб мекунад. Соли аввал бояд ба ҳар як бех пеш аз шудгори тирамоҳӣ на кам аз 150 г суперфосфат, 60-80 г калий ворид кардан лозим аст. Чунин тарзи обдиҳии қатрагӣ намнокиро 65-70 фоиз таъмин менамояд. Дар вақти нашъунамои дарахтон озуқаи иловагӣ низ додан лозим аст. Пас аз ба ҳосил даромадан ду бор озуқаи азотӣ додан ба мақсад мувофиқ мебошад (пеш аз гул ва баъди ғундоштани ҳосил).

Қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кард.

Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки ҳангоми бунёди боғ бештар ба навъҳое бояд диққат дода шавад, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошад. Навъро интихоб намуда, бояд аввал нақшаи замини дарахт шинонидамешударо муайян намуд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул баҳри бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд.

Қитъа метавонад, аз моноблок ё аз якчанд блокҳои ивазшавандаи навъҳои ҷойгиршуда иборат бошад. Моноблок барои ташкили хуби кори агротехникӣ дар вақти гузаронидани чорабиниҳои муҳофизатӣ, даровардани нуриҳо, обёрӣ, ҷамъоварии ҳосил мусоидат мекунад.

Дар ин намуди бунёди боғ ниҳоли навъи гардолудкун дар як қатор бояд аз ҳар 7 қатори ниҳоли навъи асосӣ бо навъи дигар дар як вақт гулкунанда шинонида шавад.

Дар вақти бунёди боғ тавсия дода мешавад, ки таъсири манфии иқлим баҳисоб гирифта, дар талу теппа ва дар баландии гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар  дар назар дошта шавад.

Сӯҳбаторо
Нодир ТУРСУНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh