Зотҳои хушсифатро аз даст надиҳем!

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии қишлоқ маҳсуб ёфта, талабот ба он рӯз аз рӯз меафзояд. Зеро шир, гӯшт, пашм ва дигар маҳсулотҳое, ки аз он гирифта мешаванд, мардум ҳамарӯза истифода мебаранд.

Филиали Суғдии Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз ду шўъба (шўъбаи селексия ва технологияи бузпарварӣ ва шўъбаи селексия ва технологияи говҳои ширдеҳ), инчунин аз минтақаи таҷрибавӣ иборат мебошад.

Филиал корҳои илмию тадқиқотии худро ба самти нигоҳ доштан, такмил додани зотҳои муҳимтарини (гови ширдеҳи зоти тоҷикии сиёҳало, бузҳои серпашми тоҷикӣ ва гӯсфанди ҷойдорӣ) дар вилоят инкишофёфта ва инчунин додани зотҳои нави пурсамар (бузҳои серпашми гуногунрангаи  ангорӣ, бузҳои сершир) равона кардааст.

Мутаассифона,солҳои охир соҳаи селексия ва технологияи чорвои ширдеҳ низ қариб ки аз фаъолият мондааст. Фермаҳои зотпарварӣ чорвои мувофиқи мақсадро парвариш карда наметавонанд. Фаъолияти номунтазами корҳои селексионӣ-зотпарварӣ, нокифоягии хўрокаи зарурӣ сабабгори  сол то сол каммаҳсул гардидани чорвои мавҷуда ва сифати зотии онҳо рӯ ба пастравӣ дорад.

Чорвои намуди тоҷикии зоти сиёҳало, ки ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ гардонида шудааст, аз рўи натиҷаҳои маҳсулнокии ширӣ ва гўштӣ аз чорвои аврупоӣ камӣ надоранд. Барои беҳтар кардани зоти чорвои аҳолӣ ва дар онҳо пайдо намудани нишонаҳои тип инчунин,  баланд бардоштани маҳсулнокии гўштӣ бояд захираи наслҳои беҳтаринро доштан зарур аст.

Дар амалӣ гардонидани ин тадбирҳо дастури Раиси вилоят оид ба ташкил намудани нуқтаҳои зообайторӣ дар маҳалҳо муҳим ва ҳамоҳанг буда, ин объектҳо дар  оянда барои васеъ истифодабарии маводҳои ирсӣ-  генетикӣ имкон пазируфт.  

Бо мақсади нигоҳ доштани ҷавҳари зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ, офаридани авлодҳои нав ва таъмини дигар хоҷагиҳои зотпарвар бо таккаҳои наслдиҳандаи хушзот нахустин маротиба дар назди Филиал минтақаи таҷрибавӣ бо 530 га замини чарогоҳӣ ташкил карда шуда, 33 сар бузи наслдеҳ ба 128 сар расонида шудааст. Айни замон дар ин макон барои фурўш 14 сар таккаҳои баландмаҳсули хушзот парвариш меёбанд.

Тибқи иҷроиши Қарори Раиси вилояти Суғд №287 (аз 09.12.2013 с.) «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзии вилояти Суғд» механизм ва шароити афзоиш додани моли майда дар хоҷагиҳои азнавташкилшуда омӯхта баромада шуда, модели системаҳои парвариш оид ба офаридани ҷавҳари зот ва базаи репродуктивӣ байни хоҷагиҳои фермерию аҳолӣ 2 системаи парвариши ҷавҳари зот: «Кушода» ва «Пўшида» таҳия ва барои тадбиқ пешниҳод карда шудааст.

БУЗИ СЕРПАШМИ АНГОРӢ

Парвариши бузҳои намуди ангорӣ дар минтақаҳои деҳот барои аҳолӣ аҳамияти муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Аҳолии ин минтақаҳо асосан бо истеҳсоли пашми типи ангорӣ машғул буда, аксарияти занҳо маҳсулотҳои дастии арзишнок (ресмон, қолин, руймол, гарданбанд, кулоҳ) ва дигар маҳсулотҳои серталаб тайёр мекунанд.

Мувофиқи хулосаи олимони Институти Марказии илмию тадқиқотӣ оид ба омўзиши пашм дар Русия зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ аз ҷиҳати сифати пашмашон нисбат ба зотҳои бузҳои дар қаламрави мамлакатҳои муштаракулманофеъ парваришёбанда бартарӣ доранд.

Дар айни замон нархи 1 кг пашми он (мохер) дар бозори маҳаллӣ 30-50 сомонӣ буда, маҳсулоти нахҳои коркарди маҳаллии баландсифати он дар бозори ҷаҳонӣ то ба 120-250 доллари ИМА арзиш дорад.

Саршумори умумии ин намуди бузҳо дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо тақрибан 180 ҳазор буда, аз он зиёда 35 ҳазор сараш бузҳои тозазоти серпашми тоҷикӣ мебошад.

Минтақаи соҳили рости Сирдарёи вилояти Суғд (ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ) иқлими хушк, чарогоҳи камалаф дошта, яке аз 6 минтақаи агроиқлимии алоҳидаи мамлакат ба шумор меравад. Дар ин минтақаҳо зиёда аз 400 ҳазор га чарогоҳ мавҷуд буда, аҳли деҳ бузҳои ангорӣ парвариш менамоянд. Ин минтақаро расман ареали парвариши бузҳои серпашми тоҷикӣ дар мамлакат эътироф кардан лозим аст.   

Мутаассифона, саршумори умумии бузҳои типи ангорӣ солҳои охир рӯ ба камшавӣ доранд.

Зотнокӣ, сифати таркиби рама ва устувории аломатҳои ирсии чорво хусусан барои хоҷагиҳои зотпарварӣ аҳмияти аввалиндараҷа доранд. Корҳои зотпарварӣ бошад, дар хоҷагиҳои фермерӣ ба талабот ҷавобгўй нестанд.  Ин ба он оварда мерасонад, ки масъулини соҳа бояд сари вақт дар сари ин масъала андеша ронда, барои зиёд намудани саршумори бузҳои ангорӣ, нигоҳ доштани захираҳои ирсӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва рушди соҳа дар вилоят  чораҳои зарурӣ андешанд. Дар зер овардани чанд таклифу пешниҳодҳоро доир ба рушди ин соҳа ҷоиз медонем. Пеш аз ҳама соҳаро ба 2 самт (ширӣ ва ширию гуштӣ) равона кардан лозим аст:

а) нигоҳ доштан ва такмили ресурсҳои ирсии говҳои типи тоҷикии зоти сиёҳало, ки дар хоҷагиҳои зотпарварӣ то ҳанӯз мавҷуданд.

селексия ва офаридани гурўҳи селексионии чорвои ширдеҳи типи тоҷикии зоти сиёҳало;

ба роҳ мондани парвариши мақсадноки буққаҳои хушзоти наслдиҳанда барои беҳтаргардонии сифати подаҳои хоҷагиҳои шакли моликияташон гуногун ва чорвои аҳолӣ;

б) дастгирӣ дар ташкили хоҷагиҳои алтернативӣ бо самти маҳсулнокии гуногун (ширию гӯштӣ) ба монанди хоҷагии инноватсионии “Афзали Зарзамин” дар ноҳияҳо. 

Дар амалигардонии пешниҳоди мазкур фаъолияти нуқтаҳои зообайториро дар ҷамоатҳо пурзўр намудан лозим аст.

Дар соҳаи чорвои майда

  1. Ин ду зоти чорво дар мамлакат аҳамияти миллӣ дошта, барои нигоҳ доштан ва инкишоф додани онҳо ҷамоатҳои махсус оиди парвариши бузҳои зоти серпашми тоҷикии типи ангорӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва гӯсфанди зоти ҷойдорӣ дар ноҳияи Деваштич, Спитамен, Истаравшан муайян карда, нақшаҳои кории ташкилотҳои мутасаддӣ ва субъектҳо бо Қарори Раиси вилояти Суғд №51 (аз 02.02.2016 с.) «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020» ва Қонун дар бораи чарогоҳ мувофиқат карда шавад.
  2. Бо мақсади зиёд намудани саршумор ва инкишофи хоҷагиҳои инфиродӣ эътибори махсус зоҳир намуда, замини чарогоҳии алоҳида таъсис додан ба мақсад мувофиқ аст.  Инчунин, барои нигоҳ доштан ва такмили зот дар солҳои ояндаи наздик таввасути озмун хоҷагиҳои зотпарварии алтернативӣ ба вуҷуд овардан лозим аст.
  3. Ҷамоатҳо бо фермерҳои шаклёбанда ва бузҳои аҳолӣ дар чорчӯбаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи чарогоҳ» корбарӣ намоянд.

М. Қосимов директори филиали Суғдии
Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии
Тоҷикистон, номзади илмҳои кишоварзӣ

Add comment


Security code
Refresh