Мавсими нави обрасонӣ: Кори АИО кай ба низом медарояд?

Дар ҷаласаи фаъолони вилоят аз рўи ҷамъбасти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар 3 моҳи аввали соли равон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зафарбек Давлатзода оид ба вазъи соҳа пурсиш ба амал оварда, бобати сари вақт ва ба миқдори зарурӣ расонидани об ба кишоварзон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Миробҳои вилоят ба мавсими имсола чӣ гуна омодагӣ доранд? Чӣ мушкилоту муаммоҳои корӣ ба назар мерасанд, ки садди мўътадил гузаштани мавсими имсолаи обрасонӣ хоҳад шуд? Барои дарёфти посух ба ин ва дигар саволҳои марбут ба фаъолияти миробҳои вилоят ва дар маҷмўъ дурнамои имсолаи обрасонӣ мо бо сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Зафарбек Давлатзода сўҳбати муфассал доштем.

Дастгирии Раиси вилоят – таҳкимбахши фаъолият

Нахуст сухан дар бораи омодагӣ ба мавсими нав рафт. Ҳамсўҳбати мо аз дастгириҳои роҳ-барияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-тии вилоят, хосатан Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сипосмандона гуфт, соли равон бо назардошти мушкилиҳои мавҷудаи иқтисодӣ Раиси вилоят ба маблағи 6 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷет кўмак карданд, ки он барои таъмиру барқарорсозии иншоотҳои обрасонии ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод, Ашту Панҷакент ва Канали Хоҷабоқирғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масраф гардид. 

- Вазъи иқтисодиамон дар ҳақиқат ба андозае вазнин буд, ки агар дастгирии Раиси вилоят намешуд, мо дар омодасозии иншоотҳои обрасон ба мавсими нав сахт азоб мекашидем,- гуфт Зафарбек Давлатзода, - дар маҷмўъ, мо санаи 10 апрели соли равон ба мавсими нави обрасонӣ пурра омода гардидем.

Бино ба гуфти ҳамсўҳбатамон имрўзҳо бо мақсади дастгирии деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ корҳои барқароркунии пойгоҳи обкашии «ВК-3», ки солҳои тўлонӣ бинобар фарсуда шуданаш бекор меистод, ба охир расид. Дар ин ҷо 2 агрегати иқтидораш 2,4 мукаабметр/сония об барқарор гардидааст, ки он тариқи иловагӣ обро аз заҳбури байнисарҳадӣ кашида, ба каналҳои асосии ноҳия мерасонад. Ғайр аз ин, 3 муҳаррики барқии нав дар пойгоҳҳои «Дилварзин-2» ва «Дилварзин-3» насб шуда истодаанд, ки ба ҳолати хеле беҳтари обрасонӣ мусоидат менамоянд.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об чиро кафолат медиҳад?

Раиси вилоят дар ҷаласаи фаъолони вилоят нисбати беҳтар кардани фаъолияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби вилоят (АИО) ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мутобиқ ба оинномаи худ кормандони ташкилоти номбурда, ки асосан аз ҳисоби пештара гидротехникҳои колхозҳо ва одамони алоҳида ташаккул ёфтааст, вазифадоранд, обро аз каналҳои асосӣ қабул карда, тавассути ҷўйҳо онро ба сарҳади замини хоҷагиҳои деҳқонӣ расонанд.

Аммо, на дар ҳама ҳолат кормандони ассотсиатсия ин вазифаи оинномавии худро сидқидилона адо мекунанд. Масалан, дар ҷаласаи миробҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки оғози ҳамин моҳ дар маҷлисгоҳи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия баргузор шуд,  аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати кишоварзии вилоят ва ҳам ИДБЗО нисбати фаъолияти кормандони Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ноҳия эроди ҷиддӣ гирифта шуд, ки кормандони бархе аз АИО фаъолияти худро танҳо тавассути телефонҳои мобилӣ «ба роҳ» мондаанд. Аниқтараш, чун навбати обгирии ин ё он хоҷагӣ мерасад, ба ҷои сари об омада, тақсимоти онро назорат кунанд, ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ занг зада мегўянд, ки «имрўз об навбати Шумо, рафта гиред». Табиист,  бечора деҳқон аз тарси он, ки хароҷоти ба замин кардааш барбод наравад, ҳалми пазону ҷигари сўзон, корҳои саҳроияшро партофта, ба сари даҳанаи об медавад…

- Яке аз сабабҳои фаъолияти ғайриқаноатбахши АИО чанд вазифаро ба зимма гирифтани масъулони ин ташкилот аст,- гуфт Абдумўъмин Лакимзода, сардори ИДБЗО ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,- дидем, ки бо эрод гирифтан ислоҳ намешаванд, маҷбур шудем, чанде аз роҳбарони АИО аз ҷумла, АИО «Гулафшон» ва «Боғистон» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Исмоил, «Зулолчашма» дар Ҷамоати деҳоти Зарзамин ва ҳам «Қотма»-и Ҷамоати деҳоти Ғозиёнро барои аз вазифа сабукдўш шудан ба мақомоти маҳаллиашон пешниҳод  додем ва онҳо иваз карда шуданд.

- Дар вилоят 240 АИО амал кунад ҳам, аммо фаъолияташон беҳбудӣ мехоҳад,- афзуд, муовини якуми сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят Ҳалимҷон Ҳоҷиев,- аниқтараш онҳо вазифаи худро ба таври бояду шояд намедонанд. Ин аст, ки мо маҷбурем, худамон семинарҳо гузаронида, вазифаи оинномавиашонро фаҳмонем. Масалан, ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ, ки вазифаи онҳост, дуруст иҷро намекунанд. Тибқи Оинномаи ташкилот онҳо аз истеъмолкунандагони об ҳаққи хизмати моро ҷамъ карда, фоизи муайяни худро гиранду боқӣ ба мо ирсол намоянд. Аммо…

Тавре маълум гардид, дар миқёси ноҳияҳои  вилоят ягона дар ноҳияи Ашт фаъолияти АИО       қанотабахш аст, ки хусусан дар ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ пешсафанд. Тибқи қарори ба тавсиб расида, деҳқонони ин ноҳия хизматрсонии миробҳоро 40 фисад пешпардохт менамоянд.

Мушкилоти кишоварз: Қарз ё арзиши аслқ?

Воқеан ҳам дар ҳамин маврид мушоҳидаи хешро баён доштанием, ки он марбут ба дастгирии мақомоти маҳаллӣ аст. Ба роҳбарони ноҳия одат шудааст, ки дар мавсими обрасонӣ ба хотири иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ба миробҳо дастур медиҳанд, ки саривақт об ба деҳқон расонида шавад.

Чун миробҳо ёдрас мекунанд, ки «ин хоҷагӣ аз хизматрасонии мо фалон сомонӣ қарздор аст», эшон чун одат мегўянд: «шумо обро додан гиред, мо кафил, ки баробари ҳосил шудан, ҳаққатонро пардохт мекунанд. Муҳим ҳозир зироат талаф наёбад, ки ба ноҳия зарбаи калон мешавад».  Акнун тасаввур кунед, ки кадоме аз мироби ноҳияҳо қудрати иҷро накардани дастури болоро дорад? Албатта, ягон нафар! Пас маҷбур мешавад, ноилоҷ обро диҳаду вақте ки ҳосил шуду деҳқон маблағи муайян ба даст овард, ваъдаҳои роҳбарон ва ҳам бечора миробҳо фаромўш мешаванд. Мироби бечора паи дарёфти ҳаққи ҳалоли заҳматаш маҷбур аст, худаш ҷон коҳонад… Зеро, медонад, баъди анҷоми мавсими обрасонӣ мавсими чорабиниҳои тирамоҳию зимистона - таъмиру тармими иншоотҳо оғоз меёбаду ба он маблағ лозим. Аз ду дастро болои ҳам монда нишастан муродаш ҳосил намешавад. Зеро медонад, пагоҳ аз ў рафти корҳои таъмиру тармимро мепурсанду сабаби асосӣ- напардохтани ҳаққи хизмати обрасониро касе ба инобат намегирад. Қарзи хоҷагиҳо бошад, аз хизмати обрасонӣ ҳамоно тамоюли афзуншавӣ дорад.

Ҳамин тариқ, ин ҳолат солҳост, ки идома дорад. Намедонем, ин ҷо «айб дар ош аст ё дар мош», ки ислоҳоти гузаронидаи соҳаи обрасонӣ аз чӣ бошад, натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Дар акси ҳол Ҳукумати ҷумҳурӣ таи солҳои соҳибистиқлолӣ маҷбур намешуд, 3 маротиба қарзи хоҷагиҳову миробҳоро бахшад.

Воқеан ҳам, имрўз қарзи миробҳо аз истифодаи қувваи барқу фонди ҳифзи иҷтимоӣ, андозу музди меҳнат 79 млн. сомониро ташкил медиҳад. Хусусан, қарз аз истифодаи қувваи барқ ба 39,8 млн. сомонӣ расидааст. Бино ба гуфти масъулини соҳа яке аз сабабҳои асосии ин ҳолати ногувор зараровар будани хизматрасонӣ аст. Масалан, аз рўи маълумотҳои оморӣ соли гузашта миробҳои вилоят ба андозаи  28 млн. сомонӣ хизмат расонидаанду хароҷот 55 млн. сомониро ташкил додааст. Аниқтараш, сабаби ин гуна фарқият дар арзиши аслии ҳар мукаабметр оби ҳосилшуда аст. Имрўзҳо 1 мукаабметр об ба деҳқон бо арзиши  3,3 дирам расонида шавад, дар баъзе пойгоҳҳо арзиши он то ба 7,4 дирам мерасад. Инро дар мисли пойгоҳҳои силсилавии ноҳияи Ашт гуфтан мумкин аст, ки обро аз дарёи Сир бо 5 бардошт ба кишоварзон мерасонанд, табиист, арзиши аслии он 5 карат қиммат мешавад.

- Оид ба ин масъала мо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди худро низ додаем,- гуфт Зафарбек Давлатзода, - комиссия вазъиятро омўхта истодааст. Бовар дорам, ки масъала ҳалли худро меёбад.

Мо роҳи халосӣ аз ин вазъиятро аз Ҳалимҷон Ҳоҷиев пурсидем, ки ў дар ҷавоб чунин гуфт:   

- Ягона роҳ, пурқувват кардани фаъолияти АИО ва масъулияту инсофи истифодабарандагони об аст. Агар кормандони АИО вазифаи худро ба таври бояду шояд иҷро кунанду истифодабарандагони об дар пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ба сари инсоф оянд, масъала ҳалли худро меёбад. Дар ин ҳолат танҳо масъалаи пардохти саривақтии хизмати обрасонҳо ҳаллу фасл мешавад.

Ба ин вазъият нигоҳ накарда, имрўзҳо миробҳои вилоят вазифаи худро сарбаландона ва бо умеде, ки рўзе хизматашон ҳисобӣ мешавад, обро сари вақт ба деҳқонон дастрас карда истодаанд. Ба санаи имрўз дар ҳар сония 76,6 мукаабметр мувофиқи дархости деҳқонон об дода мешавад, ки аз порсола 14 мукаабметр/сония зиёд аст.

Абдуғафур АМИНЗОДА

Add comment


Security code
Refresh