Кирмакпарварӣ: Омилҳои рушди соҳа

Бо дастуру супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли равон ҷараёни тақсимоти кирмак дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми 2-3 рўз анҷом дода шуд, ки ин ба пурра риоя гардидани агротехникаи парвариши кирмак мусоидат кард.

Тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир ба рушду равнақи соҳаи кирмакпарварӣ дар мамлакат эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро тайёр намудани бирешими хом аз касбу ҳунарҳои миллии қадимии мардуми кишвар ба ҳисоб рафта, равнақ бахшидани он ба рушду такомули саноати сабук мусоидат хоҳад кард.

Бо дарки муҳимияти ин масъала дар вилояти Суғд имсол мувофиқи нақшаи дурнамо 14.622 қуттӣ тухмии кирмак ба кирмакпарварони шаҳру навоҳӣ тақсим карда шуда, бояд аз он 658 тонна ашёи хоми гаронбаҳо-пилла ба даст оварда шавад. То имрўз, чӣ хеле сариқтисодчии идораи «Пилла»-и вилоят Муҳаббат Fаниева изҳор дошт, 11.592 қуттӣ тухмии кирмак ба шаҳру навоҳии Конибодом, Бобоҷон Fафуров, Ашт, Деваштич, Зафаробод, Исфара, Мастчоҳ, Спитамен тақсим карда шуд. Дар ин шаҳру ноҳияҳо кирмак то синни 5-ум расида, дар бархе шаҳру навоҳӣ, аз ҷумла Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен аз 28 апрел то 1-уми май аллакай ба пиллачинӣ шурўъ мекунанд. Дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Панҷакенту Айнӣ бо сабаби шароити обу ҳаво тақсимот дертар сурат мегирад. Дар шаҳри  Исфара бошад, тақсимоти қуттии тухмӣ имрўзҳо идома дорад.

Солҳои пеш бо дарназардошти муҳимияти ин ашёи хоми саноатӣ барои пешбурди иқтисодиёт ва рўзгори мардум ба оилаҳои кирмакпарварон маблағи пешпардохт, маводи зарурӣ барои ҷиҳозонидани хонаи кирмакнигоҳдорӣ, ҳезум дода мешуд, ки ин боиси ҳавасманд гаштани сокинон, бахусус баҳри таъмин шудан бо ҳезум, орду равған мегардид. Оё ин анъанаҳо то ҳол риоя мешаванд?

Сариқтисодчии идораи «Пилла»-и вилоят гуфт, соли равон ҳини тақсимоти кирмак ба кирмакпарварон тибқи шартнома 50 сомонӣ пешпардохт карда шуд. Ҳамчунин, ба ҳар оила маводи зарурӣ, аз ҷумлаи ҳароратсанҷ, коғаз муҳайё карда шуд. Ҳангоми супоридани пилла бошад, аз кирмакпарвар маблағи тухми кирмак, ҳароратсанҷ, коғаз ситонида шуда, сипас ба ҳар кило 10 сомонӣ маблағ дода мешавад.

Тавре аз сухани сариқтисодчии идораи пилла аён гашт, имсол ба кирмакпарварон тухмии навъи хитоӣ тақсим карда шуда, он ба иқлими вилоят тобовар аст ва хурсандона, то ҳол ягон ҳодисаи ба касалӣ гирифтор шудани кирмак ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамчунин, М.Fаниева иброз дошт, ки бо дастуру супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли равон ҷараёни тақсимоти кирмак дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми 2-3 рўз анҷом дода шуд, ки ин ба пурра риоя гардидани агротехникаи парвариши кирмак мусоидат кард.

Ҷоиз ба зикр аст, ки чанд хоҷагии ноҳияи Бобоҷон Fафуров, аз ҷумла «Пўлод Бобокалонов», ба номи Раҳбар Қосимов ва «Хоҷабоқирғон» пиллаи тухмӣ истеҳсол мекунанд ва ба ин хоҷагиҳо тухмии кирмак аз ҳисоби «Корхонаи фаръии истеҳсоли тухми кирмак»-и шаҳри Хуҷанд пешниҳод карда мешавад. Тавре сармуҳандиси муассиса Саиднисо Аҳмадова зикр кард, имсол 560 қуттӣ тухмии кирмак ба кирмакпарварони ин хоҷагиҳо тақсим мегардад. Ба хоҷагии ба номи Пўлод Бобокалонов аллакай тақсимот гузаронида шуда, баробари тақсимот ба ҳар қуттӣ 50 сомонӣ пули нақд дода шуд.

Тибқи суханони сармуҳандис дар кори зуд анҷом додани тақсимоти кирмак ба сокинон мутахассиси Ҷамоати деҳоти Fозиён Мунирахон Сатторова мусоидат намуд. Имрўзҳо бошад, тақсимот дар хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача идома дорад. Назар ба гуфти С. Аҳмадова соли гузашта баҳри ҳавасмандкунонӣ ба кирмакпарварон баробари тақсимоти кирмак ба ҳар қуттӣ 50 сомонӣ ва барилова 10 килогӣ равған дода буданд. Имсол бошад, шароити иқтисодии коргоҳ ба ин имкон надод. Сармуҳандиси корхонаи истеҳсоли тухми кирмак мегўяд, бо баназаргирии муҳимияти пешбурди соҳа, ки супориши роҳбарияти мамлакат аст, мебояд, кирмакпарварон аз ҷониби хоҷагиҳо ҳавасманд карда шаванд, яъне ба онҳо ба тариқи шолӣ, гандум ва ё ягон намуди зироат дода, ба пешбурди соҳа ҳавасманд карда шаванд.

Барои он, ки соли равон ҳосили дилхоҳи пилла ба даст оварда шавад, мувофиқи тавсияи мутахассисони соҳа кирмакпарваронро зарур аст, ки дар ҳавои гарми офтобӣ барг назананд, ҳамчунин аз он минтақаҳои хоҷагиҳо, ки зироатҳои кишоварзӣ бо заҳрхимикатҳо коркард карда шудааст, барг назананд, ки ба кирмак зарар дорад. Ҳавои хонаи кирмакнигоҳдориро ҳамеша тоза нигоҳ доранд, ҳарорат бояд аз 26 дараҷа гармӣ баланд ё паст нагардад, намнокии хона бошад, бояд 70 фоизро ташкил кунад. Барои нигоҳ доштани намӣ ба фарши хона матои намкарда густурда шавад. Нагузоранд, ки теғаи офтоб ба он хона  фарояд. Бо риояи доимиву қатъии ҳамаи ин нишондодҳо метавон ҳосили дилхоҳи ин ашёи хоми қиматбаҳоро ба даст овард.

Имрўзҳо, ки мавсими  парвариши кирмак аст, бо мақсади дар маҳалҳо қатъиян риоя гаштани ин нишондодҳо ва ба кирмакпарварон кўмак расондан 237 нафар мутахассисони соҳаи пиллачигии вилоят дар ҷойҳо кор мебаранд.

Рафоат МЎЪМИНОВА

Add comment


Security code
Refresh