Иштироки Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ

Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят маъракаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва ободониву тозагӣ суръат гирифт.

Дар ин маъракаи муҳим сокинон ба ҳашар баромада, бо шинонидани ниҳолҳои гуногун дар сарсабзиву хуррамии диёр саҳм гузоштанд. Дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд бо иштироки теъдоди зиёди сокинон  маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён гирифт, ки дар он Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд. Раиси вилоят дар ин мавзеъ худ бевосита дар шинонидани ниҳолҳо иштирок намуда, ҷиҳати дуруст ба шаклдарории ниҳолҳо ба мутасаддиёни соҳа маслиҳатҳои муфид дод.

Раиси вилоят ҳамзамон аз дигар қисмати хиёбони Истиқлол ва кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд низ дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ободонии маҳалаҳо ба роҳбарияти мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки бояд марҳила ба марҳила тамоми хиёбони Истиқлол ба таъмиру таҷдид ва чароғонкунӣ фаро гирифта шуда, дар ду канори роҳи хиёбон дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шавад. Зимнан, дарозии умумии хиёбони Истиқлол беш аз 5 км буда, он соли гузашта дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ гардид ва дар он Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” қомат афрохт.

Бояд қайд кард, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли гузашта оғоз ёфта, то ин дам аллакай дар ҳудуди шаҳр беш аз 700 бех ниҳолҳо шинонида шудааст. Мувофиқи нақша то охири мавсим бояд зиёда аз 2000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасаб ва сояафкан шинонида шавад.

Дар назар аст, ки бо мақсади зебо намудани муҳити атроф бо фаро расидани фасли баҳор дар марҳилаи аввал ҳамчунин дар кӯчаву хиёбон ва мавзеъҳои истироҳатии маркази вилоят 500 ҳазор дона гулҳои маҳаллӣ ва 200 ҳазор дона гулҳои ҳолландӣ шинонида шавад, ки шаҳри Хуҷандро боз ҳам зебову дилрабо мегардонад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh