Кишоварзони вилоят ба маблағи умумии 2 миллиарду 966 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
- Details
- Published on Monday, 25 September 2017 13:47
Санаи 23 сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир Зоир машварати минтақавӣ оид ба ҷамъбасти ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар машварат роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои кишоварзӣ, омор, роҳбарони сардхонаҳо, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ машваратро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки тӯли чанд рӯз муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода дар навоҳии кишоварзии вилоят қарор дошта, бо вазъи воқеии соҳа аз наздик шинос гардид ва натиҷаҳои боздид таҳлилу баррасӣ карда мешаванд. Зеро фаъолияти пурсамари кишоварзон пеш аз ҳама барои татбиқи саривақтии ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард. Дар рафти машварати корӣ масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла вазъи ҷамъоварии пахта, захираи меваю сабзавот ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ, ҳамзамон ҳолати обрасонӣ, таъминот бо қувваи барқ, пардохти андоз, ободонию тозакорӣ ва дигар масъалаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози машварат Фирдавс Абдуллозода – мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба фаъолияти кишоварзони вилоят дар 8 моҳи соли ҷорӣ маълумот дод. Мавсуф зикр дошт, ки кишоварзони вилоят дар ин давра ба маблағи умумии 2 миллиарду 966 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои растанипарварӣ дар ин давра 3,8 фоиз ва чорводорӣ 6 фоиз афзудааст. Соли равон кишоварзони вилоят дар майдони наздик 50800 гектар кишти пунбадона гузаронида, то имрӯз наздик 40 дарсади нақшаи дурнамо ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст. Нархи чиниши пахта барои як кг бо тавсияи роҳбарияти вилоят имсол аз 50 ба 70 дирам расонида шудааст. Ҳамзамон, соли ҷорӣ беҳтаргардонии ҳолати мелиоративии 5496 гектар заминҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз ҳолати наздик 3700 гектар замин беҳ гардонида шудааст. Соли равон дар 24,3 гектар парвариши маҳсулот дар гармхонаҳо, аз ҷумла дар 11 гектар помидор, дар 6,6 гектар бодиринг ва дар майдони боқимонда зироатҳои дигар ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, дар 21 адад сардхонаҳои вилоят захираи 6 ҳазор тонна маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.
Зимни пурсиш аз муовинони соҳавии раисони ноҳияҳои кишоварзӣ Раиси вилоят ба масъалаҳои муҳими соҳа дахл намуд. Аз ҷумла, дар мисоли ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдураҳмон Қодирӣ аз кам шудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми 43 миллион сомонӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта изҳори ташвиш намуд. Муаммои дигар дар ноҳия ин пурра сафарбар нашудани саҳмдорон ба ҷамъоварии ҳосили пахта мебошад, ки аз 14 ҳазор саҳмдори ноҳия ҳамагӣ 6500 нафар ба пахтачинӣ машғуланд. Раиси вилоят дастур дод, ки ҷамъоварии ҳосили пахта бо истифода аз ҳавои мусоид вусъат дода шавад.
Вазъи соҳа дар ноҳияи Зафаробод низ беҳбудиро талаб дорад. Аз наздик 15,5 ҳазор саҳмдори ноҳия ҳамагӣ 50 дарсад ба ғунучини пахта ҷалб гардидаанд. Тибқи нақша ноҳия мебоист дар 20 гектар кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ мемонд, ки ин кор ҳам 50 фисад иҷро шудаасту халос. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар Зафаробод ҳам нисбат ба 8 моҳаи соли гузашта 6,5 миллион сомонӣ кам шудааст. Ба масъулини ноҳия ҷиҳати кам намудани майдони зироати хуроки чорво ва афзун намудани ҳаҷми парвариши сабзавот, аз ҷумла картошка, барқарорсозии садҳои муҳофизатии ҷангал дар саҳро дастур дода шуд.
Дар машварат ҳамчунин вазъи соҳа дар Конибодом, Ашт ва Исфара таҳлил гардида, ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани майдони сабзавот, ҷамъоварии ҳосили пахта, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар машварат инчунин роҳбарони хоҷагии ҷангал, идораи замин, сардхонаю гармхонаҳо, ҷамъияти матлубот, омор ва хоҷагии оби вилоят мавриди пурсиш қарор дода шуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои захираи тухми дарахтон ва иҷрои барномаи давлатии бунёди ҷангал, самаранок истифода бурдани замин, захираи саривақтии маҳсулот дар сардхонаҳо, дуруст нишон додани ҳисобукитоби оморӣ, фаъолияти бонизоми дастгоҳҳо ва таъмиру тармими пойгоҳҳои обкашӣ масъулин вазифадор карда шуданд. Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки дар ҳар ҷамоати деҳоти шаҳру навоҳӣ ташкили гармхонаҳо ба роҳ монда шавад ва дар онҳо маҳсулоти ниёзи аввал парвариш карда шавад, то ки ба фаровонии маҳсулот ва нархи он дар бозорҳо таъсири мусбат расонад.
Дар поёни машварат муовини Сарвазири кишвар Маҳмадтоир Зокирзода хулосаҳояшро аз бурду бохти соҳаи кишоварзии вилоят баён карда, дар баробари зикри дастовардҳо, ҳамзамон аз 29 дарсад кохиш ёфтани кишти картошка, ба бахши аҳолӣ рост омадани қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар сохтори кишти зироатҳо ҳанӯз афзалият доштани ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво изҳори нигаронӣ кард.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо истифода аз фурсат масъулинро вазифадор намуд, ки ба масъалаҳои танзими фаъолияти коргоҳҳои пахтатозакунӣ, захираи тухмиҳои серҳосили пахта барои кишти оянда, омодагӣ ба зимистонгузаронии чорво, ҷамъоварии саривақтии андозҳо, сифатнок иҷро намудани нақшаи даъвати ҳарбӣ ва вусъати корҳои ободонӣ таваҷҷӯҳи бештар диҳанд, то ки меҳнаткашони вилоят бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ ҷашни бузурги давлатӣ – 25 - солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд