Маҳсулоти тару тоза - ба дастархони мардум

Мавсими зимистон ҳукмрон бошад ҳам, ба бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ва бозорҳои дигари ҳудуди вилоят биёед, мебинед, ки анвои сабзавоти баҳорӣ дар растаҳо гузошта шудаанд ва аз намудҳои дилхоҳатон харидорӣ мекунед. Ин сабзавоти тару тоза маҳсули дастони эъҷозкори деҳқонон дар гармхонаҳо мебошад.

Тавре мутахассиси пешбари Сарраёсати кишоварзии вилоят Мухтор Тоҷиев иброз дошт, алҳол хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии вилоят (бе назардошти хоҷагиҳои аҳолӣ) парвариши сабзавоти барвақтиро дар 378 гармхона ба роҳ мондаанд.

Аз ин 185 - тояш типи хитоӣ, яъне калонҳаҷми замонавӣ аст. Масоҳати умумии гармхонаҳо 24,76 гектарро ташкил дода, дар 18,96 гектари он помидор, 5,37 гектар бодиринг, 2,23 гектар дигар намуди сабзавот ва дар 9,18 гектар лимӯ парвариш карда мешавад. Фаъолияти гармхонаҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар Мастчоҳ 7,84 га, Бобоҷон Fафуров 5,92, Исфара 1,64 ва Истаравшан 1,44 гектарро ташкил медиҳад. Ба санаи 1 декабри соли 2018 аз гармхонаҳо 10,3 тонна сабзавот, аз ҷумла 3,3 тонна помидор, 3,6 тонна бодиринг, 3,4 тонна дигар намудҳои сабзавот, ҳамчунин 22,8 тонна лимӯ ба даст оварда шудааст. Парвариши дарахти ситрусӣлимӯ қариб дар аксари шаҳру навоҳӣ ба роҳ монда шуда, имсол лимӯпарварон бо сабаби муътадил омадани обу ҳаво ҳосили баланд ба даст оварданд.

М. Тоҷиев фаъолияти хуби гармхонаҳои ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров ва Мастчоҳро зикр карда, изҳор дошт, ки маҳсулоти гармхонаҳои Ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Ёва, Овчиқалъача, ба номи Дадобой Холматов, Fозиён ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Fафуров бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои наздишаҳриро бо помидору бодиринг ва лимӯ таъмин мекунанд. Сокини Ҷамоати деҳоти Ёва Толиб Шарифов бобати парвариши сабзавот дар гармхонаҳо таҷрибаи бой дошта, то ин дам шогирдони зиёд тайёр кардааст.

Ҷиҳати захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ барои тирамоҳу зимистони солҳои 2018 - 2019 дар ҳудуди вилоят 28 сардхона бо ғунҷоиши 6870 тонна амал мекунад. Соли гузашта то санаи 10 декабр агар дар сардхонаҳо 2404,5 тонна маҳсулот захира шуда бошад, ин рақам алҳол 3405 тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 1801 тонна себ,1306 тонна ангур ва боқимонда нок, биҳӣ, анор ва дигар намуди маҳсулот мебошанд. Соҳибкорон Абдуқаҳҳор Очилов, Зикрулло Ёқубов, Шокир Олимов - аз ноҳияи Ашт, Ҳалим Бобоев, Нуриддин Бобоҷонов - аз ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Худойдод Қудратзода - аз шаҳри Бӯстон, Фурқат Музаффаров, Ҳаким Қурбонов ва Фазлиддин Мӯъминов - аз шаҳри Панҷакент, Махсум Ваҳҳобов, Элдор Абдураҳимов аз ноҳияи Спитамен, Саҳобиддин Иброҳимов - аз шаҳри Гулистон, Сурайё Боқиева - аз ноҳияи Ҷаббор Расулов аз 100 то 650 тоннагӣ маҳсулоти кишоварзиро дар сардхонаҳои таъсисдодаашон дар ин мавсими сармо дар ҳолати тару тоза нигоҳдорӣ намудаанд.

Дар самти нигоҳдории маҳсулот нақши сардхонаҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев, Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ва Ҷамъияти матлуботи ноҳия низ қобили зикр аст, ки мутаносибан 250 ва 140 тоннагӣ меваву сабзавот захира намудаанд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh