Боғот – таҷассуми файзи дастархон

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои куҳантарини кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчун маводи ғизоӣ истифода бурдани меваи дарахтон организми инсонро бо витаминҳои макро ва микроэлементҳои зарурӣ пурра мегардонанд. Аз лиҳози иқтисодӣ низ боғдорӣ, яке аз соҳаҳои сердаромадтарини кишоварзӣ маҳсуб меёбад.

Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани соҳа дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ рушди боғу токпарварӣ ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дорад.

Дар ин замина «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» мавриди амал қарор гирифтааст. Дар миқёси вилоят дар доираи Барномаи мазкур давоми солҳои 2016 - 2020 бунёди 2883 гектар боғу токзорҳои нав пешбинӣ гардидааст, ки аз он 2564 гектар боғ ва 319 гектар токзор мебошанд.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, зиёд кардани парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ аз меваҷот, зиёд намудани ҳаҷми меваҳои содиротӣ, дар парвариши дарахтон ва истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам ба даст овардани ҳосили фаровон бо истифодабарии технологияи интенсивӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Бо боғдорон ва токпарварон пайваста вохӯриву мулоқот доир мешаванд ва оид ба истифодаи технологияи ҷадид ва амалигардонии таҷрибаи пешқадам дар боғдорӣ тавсияҳо дода мешаванд.

Бино ба иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят имсол дар вилоят бунёди 227 гектар боғи нав ва барқарорсозии 348 гектар боғҳои кӯҳна ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол иҷроиши нақша дар қисмати бунёди боғи нав 736 гектар ва барқароркунии боғҳои кӯҳна 888 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи дурнамо имсол дар вилоят 25 гектар токзори нав ба нақша гирифта шуда, воқеан то 1 - уми декабри соли равон 58 гектар токзори нав бунёд гардида, барқароркунии токзори кӯҳна бошад, дар 69 гектар амалӣ гардидааст. Дар ҳудуди вилоят вобаста ба шароити минтақа бунёд намудани боғҳои себ, зардолу, сиёҳолу ва боғи субтропикӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷониби мутахассисони соҳа ба боғдорон истифодаи технологияи интенсивӣ, обёрии қатравӣ ва дигар усулҳои самараноки соҳаи кишоварзӣ фаҳмонида мешавад. Бунёди боғ амалан аз омода намудани замин ва шинонидани ниҳолҳо оғоз меёбад. Фасли тирамоҳу зимистон дар сурати мусоид будани обу ҳаво барои шинонидани ниҳолҳо мавсими қулай ба ҳисоб меравад.

Дар ин хусус Мавлуда Эргашева - номзади илмҳои кишоварзии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят чунин гуфт: - Дар сурати мусоид омадани шароити обу ҳавои зимистон (ях накардани замин) дар даври тирамоҳу зимистон шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳо мақсаднок мебошад. Зеро то фарорасии фасли баҳор ва оғози даври нав решаҳои ниҳолҳо ба хок часпида, аз намнокии хок, ки дар натиҷаи боришот захира мегардад, истифода мебаранд.

Ниҳолҳои дар ин вақт шинонида шуда бо сабзиш ва нашъунамои хуби худ фарқ мекунанд. М. Эргашева ҳамзамон қайд намуд, ки вобаста ба иқлими вилояти Суғд дар ин давр дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои мевадиҳанда саривақтӣ аст. Шоёни тазаккур аст, ки бо мақсади бунёди боғҳо чанде пеш бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Дар самти бунёд намудани боғи нав шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент ва дар барқарорсозии боғҳои кӯҳна ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Исфараю Конибодом пешсаф мебошанд.

Меҳнати софдилонаи боғу токпарварон аллакай самара овардааст, ки он бо нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят дар соли ҷорӣ тасдиқи худро меёбад. Вилояти Суғд дар самти истеҳсоли меваҷот ва маҳсулоти боғу токпарварӣ то 1 - уми декабри соли 2018-ум чунин дастовардҳоро ноил гардидааст: истеҳсоли меваҷот 135088,4 тонна, себ 44269,8 тонна, зардолу 79827,8 тонна ва ангур 61183,3 тонна. Нишондиҳандаҳо нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас афзун гаштаанд.

Самаранок истифода бурдани ҳар як қитъаи замин, саъйу кӯшиш дар ободиву бунёдкорӣ, меҳнати софдилона, истифодабарии технологияи муосир ва таҷрибаи пешсаф ба боғдорону токпарварон имконият медиҳад, ки ба комёбиҳои бештар ноил гардида, дар баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ, таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд. Бо баракоти меҳнати боғбон файзи дастархони мардум ва файзи хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ низ афзун мегардад.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh