Дар ҳавзи моҳипарварии Боғи миллии “Ваҳдат” беш аз 20 000 моҳиҳои гуногун парвариш мешавад

Чанде қабл бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳавзи моҳипарварии Боғи миллии “Ваҳдат”, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ миқдори муайяни моҳӣ сар дода шуд.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати рушди соҳа ва татбиқи “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” танҳо давоми чанд рӯзи охир ба ин ҳавз беш аз 20 000 навъҳои гуногуни моҳиҳо сар дода шудааст. Парвариши моҳиҳо зери назорати мутахассисон қарор дошта, минбаъд моҳиҳо баҳри истифода ба бозорҳои вилоят бароварда мешавад.

Баъди сар додани моҳиҳо дар ҳавз Раиси вилоят ба масъулин суҳбат намуда, ҷиҳати ташкили мағозаҳои фурӯши моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо, гузаронидани семинарҳои машваративу дастурдиҳӣ бо ҷалби хоҷагиҳои моҳипарвар ва пешгирии сайди ғайриқонунии моҳӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ тадбирҳои муассир андешида шуда, даҳаи дуюми моҳи декабр беш аз 100 000 дона моҳиҳои навъи амури сафед, пешонағафси сафед ва капур ба дарёи Сир сар дода шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh