Дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома дорад.

Нимаи дуюми рӯзи 3 январ дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳашари ниҳолшинонӣ доир шуд ва кормандони мақомоти иҷроия бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода беш аз 200 бех ниҳолҳои ороишӣ шинониданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимнан ба масъулин дастур дод, ки бо мақсади ободу хуррам гардонидани шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз рӯзҳои мусоид бояд корҳои ниҳолшинонӣ дар тамоми минтақаҳо вусъат бахшида шавад.

Сипас, Раиси вилоят бо нақшаи корҳои омодагӣ ҷиҳати гузаронидани Фестивали гули лола шинос гардид. Ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани фестивали мазкур шинонидани беш аз як миллион дона гули лола ва ҳамин миқдор гули садбарг дар назар дошта шудааст ва айни замон шинонидани тухми гули лола дар мавзеъҳои пешбинишуда ҷараён дорад.

Дар ин рӯз Раиси вилоят ҳамзамон рафти корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Тавре мушоҳида гардид, як қисми роҳравҳои кӯчаҳои марказӣ ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад. Пас аз боздид Раиси вилоят барои аз нав сафолакпӯш намудани роҳравҳо, чароғонкунӣ, ба тартиб даровардани дарахтон ва дигар корҳои ободонӣ ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Add comment


Security code
Refresh