Оғози бунёди токзори интенсивӣ бо истифода аз таҷрибаи токпарварони номии мамлакат

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёди токзори интенсивӣ ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардида истодааст.

Рӯзи 7 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳо ба Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо нақшаи бунёди токзори интенсивӣ ошно гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, дар марҳилаи аввал дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳотам”, “Абдумалик” ва “Абӯбакри Мирзоҷон” бо истифода аз таҷрибаи деҳқони маъруфи кишвар Неъмат Усмонов токзор бунёд ва парвариши ангур ба роҳ монда мешавад.

Дар шаш гектар замини хоҷагиҳои зикршуда наздик 2 ҳазор бех навъҳои ангури кишмиши сиёҳ, ҳусайнии сурх, ҳусайнии сафед ва навъи шоҳонаву победа шинонида шудааст. Ба гуфти мутахассисони соҳа токзори нав дар соли сеюм ба ҳосил медарояд ва навъҳои ангур аз лиҳози сифат ва тамъ бозоргир дониста мешаванд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо изҳори қаноатмандӣ амалишавии иқдоми мазкурро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки минбаъд низ дар ин мавзеъ ба ҷойи токзори куҳна чунин токзори замонавӣ бунёд карда хоҳад шуд.

Ҳамчунин аз ҷониби Раиси вилоят ба масъулин ҷиҳати сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ ва самаранок истифода намудани замин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Истифодаи усули нав ва таҷрибаи пешрафта дар соҳаи токпарварӣ дар вилояти Суғд таҷриба гардида, самараи хуб дода истодааст. Чанде пеш дар асоси супориши Раиси вилоят як гуруҳ мутахассисон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ бо роҳбарии муовини Раиси вилоят Ориф Хоҷазода ба шаҳри Турсунзода сафар намуда, бо фаъолияти деҳқонони маъруф Неъмат Усмонов ва Камол Мадумаров дар самти парвариши токзор шинос гардида буданд. Табодули таҷриба ва омӯзишу ба роҳ мондани усули пешрафтаи токпарварӣ барои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва васеъ намудани майдони токзор мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh