Бунёди гармхонаи замонавӣ бо усули гидропоникӣ оғоз ёфт

Рӯзи 7 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии гармхонаи замонавӣ, ки дар вилоят бори аввал бо усули гидропоникӣ бунёд мешавад, оғоз бахшид.

Гармхонаи замонавӣ дар мавзеъи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо маблағгузории ширкати “Барс” сохта шуда, корҳои сохтмониро мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба анҷом мерасонанд. Илова бар ин, ҳангоми парвариши сабзавот дар гармхонаҳо дар навбати аввал худи мутахассисони Кореяи ҷанубӣ иштирок ва роҳу усулҳои парвариши маҳсулоти истеҳсолшавандаро ба мутахассисони вилоят меомӯзонанд.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳаи гармхонаи интенсивӣ барои боз ҳам васеъ намудани майдони он, ташкили сардхона дар заминҳои ғайриобӣ ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ масъулинро вазифадор намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки мутахассисони вилояти Суғд бо таҷрибаи гармхонае, ки бо усули гидропоникӣ ва аз тарафи мутахассисони кореягӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёд гардидааст, шинос гардида буданд. Пас аз он мутахассисони Кореяи ҷанубӣ ба вилоят даъват гардиданд ва охири соли 2018 миёни роҳбарияти ширкатҳои “Барс”-и Тоҷикистон ва "Мён Сунг"-и Кореяи ҷанубӣ дар самти бунёди гармхонаи муосир бо усули гидропоникӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда буд.

Иқдоми мазкур бо мақсади таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг амалӣ карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh