Сабзавот форовону нарх арзон

Иқлими Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аҳолӣ тамоми фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин бошаду аз ҳисоби содирот ба бозорҳои маҳаллӣ ва берун аз он манфиати хуби иқтисодӣ ба даст ояд.

Ин аст, ки дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ теъдоди хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ зиёд гардиду замин имрӯз дар дасти деҳқон аст ва кишоварз дар кишту кор ва парвариши зироатҳои гуногун ихтиёр ва мустақилият дорад. Натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ ва соҳибихтиёр будани кишоварз дар интихоб ва кишти зироатҳо сабаб шуд, ки имрӯз фаровонҳосилӣ дар бозорҳои вилоят таъмин ва нархи маҳсулот танзим гардад. Солҳои пеш дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят, бахусус бозори “Панҷшанбе” - и шаҳри Хуҷанд нархи помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ ва дигар намуди сабзавот хеле гарон буду аксари сокинон ба он дастрасӣ надоштанд.

Имрӯзҳо арзон гардидани нархи сабзавоти тару тоза дар фасли зимистон сокинонро хушҳол намуд, ки солҳои гузашта то фасли тобистон помидору бодиринги консервашуда истеъмол мекарданд. Ҳангоми мушоҳидаҳо айн гардид, ки ҳоло дар бозори “Фаровон” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Ашроф” - и ноҳияи Ҷаббор Расулов, бозорҳои марказии ноҳияи Спитамен ва шаҳри Истаравшан як килограмм помидор аз 8 то 10 сомонӣ ва бодиринг 9 сомонӣ арзиш дорад, ки як сол пеш дар ин мавсим аз 20 то 25 сомонӣ буд. Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии ҳарчӣ бештари маҳсулоти ниёзи аввал дар ҳамаи фасли сол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли қаблӣ барои ташкили гармхонаҳои замонавӣ якчанд имтиёзҳо муқаррар намуда буданд, ки он деҳқононро хеле рӯҳбаланд гардонидааст.

Ӯрунбой Соҳибов - сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 4 сотих замин гармхона ташкил намуда, кишти помидору бодиринг, караму гулкарам ва дигар намуди сабзавотро ба роҳ монда, ҳосили хуб ба даст овардааст. Ҳангоми боздид аз гармхона аён гардид, ки ӯ имсол низ дар ин ҷо бодиринг ва дигар намуди сабзавотро кишт намудааст, ки ҳосили он моҳҳои наздик пухта мерасад. - Соли гузашта аз гармхона аз 300 то 500 килограмм помидору бодиринг гирифтем, ки ин барои пешбурди зиндагӣ мусоидат кард. Имсол низ ният дорем, боз аз ин бисёр меҳнат намуда, ҳосили хушсифат гирифта, мардумро бо маҳсулоти тару тозаи худӣ таъмин гардонем, - гуфт ҳини суҳбат У. Соҳибов.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди гармхонаҳо эътибори зарурӣ медиҳанд ва парвариши намудҳои гуногуни сабзавот ба дастархони мардум дар ин фасли сармо файзи тоза зам менамояд. Бино ба гуфти Азамат Қодиров – раиси ҶСК ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳия, хоҷагӣ дорои 30 гармхона буда, дар онҳо помидору бодиринг, лимӯ ва гулҳои мавсимӣ кишт карда шудааст, ки моҳи феврал ба ҳосил медароянд. Бояд гуфт, ки помидорҳои киштшуда асосан навъҳои серҳосили тухмиҳои хориҷӣ буда, натиҷаҳои хуб медиҳанд.

 Соли гузашта аз ҳар як гармхона наздики 400 сентнерӣ ҳосил гирифта шуда буд, - гуфт ҳини суҳбат номбурда. - Имсол низ нақша дорем майдони гармхонаро зиёд ва кишти дигар сабзавотҳои барвақтиро ба роҳ монда, бозорҳои шаҳру навоҳиро бо сабзавоти тару тоза таъмин гардонем.

Инчунин, ният дорем рӯзҳои наздик ду гармхонаи дигарро ба истифода дода, дар он кишти помидору бодиринг ва дигар сабзавотро ба роҳ монем, зеро талабот сол аз сол ба чунин намуди маҳсулот зиёд гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки гармхонаҳо бо тарзи замонавӣ бунёд ёфта, дар онҳо якчанд нафар иҷоракорон ба кор ҷалб шудаанд. Тибқи маълумоти Сарраёсати кишоварзӣ дар вилояти Суғд 389 гармхона арзи вуҷуд дорад, ки аз он 381 ададаш фаъолият дошта, 185 гармхона навъи хитоӣ мебошанд. Масоҳати умумии гармхонаҳо 25,06 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин ба 19,67 гектар кишт гузаронида шудааст.

Дар мавсими соли ҷорӣ барои зиёд намудани кишти помидору бодиринг дар гармхонаҳо бештар аҳамият дода, дар натиҷа масоҳати кишти помидор ба 11,64 гектар ва бодиринг ба 5,25 гектар расонида шуд. Дигар сабзавотҳо дар ҳаҷми 2,78 гектар парвариш карда мешаванд. Ба ғайр аз ин, дар майдони 9,25 гектар лимӯ дар нашъунамост. То 4 январи соли ҷорӣ умуман дар гармхонаҳои вилоят 130,3 тонна маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки аз он 26,4 тонна помидор, 20, 8 тонна бодиринг ва 22 тонна дигар намуди маҳсулот, инчунин 61,1 тонна лимӯ мебошад ва ҷамъоварии ҳосил идома дорад.

Сол аз сол талаботи аҳолӣ ба сабзавоти барвақтӣ дар ин фасли сол рӯ ба афзоиш ниҳода, масъулини кишоварзии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки гармхонаҳои замонавӣ ташкил ва сокинонро бо сабзавоти хушсифату тару тоза таъмин намоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh