Раҷаббой Аҳмадзода: Ҷавҳари суннати ниёгон - анъанаҳои ҳаётдӯстӣ

27 январи соли 2019 дар майдони назди Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ҷашни таърихии Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо арҷгузорӣ ба суннатҳои неки ниёгон дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Дар тантанаҳои сурурбахши идона Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, аз намоишгоҳҳои маҳсулоту ҳунарҳои миллӣ, ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ, аз маҳсули дастранҷи ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карда, дар маросими расмии ин иди пурнишот суханронӣ намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода сароғоз мардуми шарифи вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни суннатии мардуми тоҷик – Иди Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, самимона таҳният гуфта, барои ҳамагон зиндагонии хушу хуррам, дастархони пур аз нозу неъмат ва ободию осоиши рӯзгорро таманно кард.

- Дар ҳақиқат, Иди фархундаи Сада, ки дар қатори Наврӯзу Меҳргон аз ҷумлаи ойинҳои бузурги ниёгони шарафманди мо маҳсуб меёбад, аз замонҳои дури таърихӣ бо табиат пайвандӣ дошта, то имрӯз идома дорад. Бахусус, дар замони Истиқлолияти кишвари азизамон тавассути талош ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳу шаҳомати таърихии хешро аз нав барқарор намуда, дар миёни мардум ҳамчун ойини дорои арзишҳои баланди ахлоқиву маънавӣ ривоҷи тамом касб кардааст, - зикр дошт Раиси вилоят.

Баъзе сарчашмаҳои таърихӣ ҳатто замони ба вуҷудоии онро ба 3000 сол қабл аз пайдоиши оини зардуштӣ нисбат додаанд, ки ин нукта ба таърихи деринаи ин ҷашни аҷдодӣ ва берун аз доираи ҳама мазҳабу динҳои мухталифи гузашта қарор доштани он таъкид менамояд.

Дар Паёми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд, ки мақсади асосӣ аз ин тадбир «амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад».

- Бо ташаббусҳои дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар тӯли асрҳо ваҳдати маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Аз ин рӯ, имрӯз дар доираи баргузории ин санаи фархунда доир шудани намоишҳои маҳсули ҳунарҳои аҳолии вилоят як пайки хуҷастаи идона ва иқдоми наҷиб ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи эълони солҳои 2019 – 2021 - “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба шумор рафта, дар доираи он роҳандозӣ намудани оинҳои марбут ба таҳияи хӯрокҳои гуногун, аз ҷумла тайёр кардани навъҳои ширинӣ, анвои нон, оши палов, самбӯсаи миллӣ бо ҳадафҳои аслии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардида истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар вилоят дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар ҳамасола кишоварзӣ, ки соҳаи таъминкунандаи асосии мамлакат маҳсуб меёбад, рушд карда истодааст. Аз ҷумла, соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 8 милиарду 85,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2017-ум 402 милиону 268 ҳазор сомонӣ ва ё нисбат ба соли 2013-ум 1,6 маротиба рушд кардааст.

Раиси вилоят дар суханронии хеш, ҳамзамон зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри амалӣ сохтани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи суннат ва оинҳои куҳани таърихӣ, аз ҷумла ҷашни Сада тадбирҳои амалӣ меандешад.

Имсол дар баробари дигар оинҳои хуҷастаи ҷашни Сада мо тасмим гирифтем, ки маросими намоиш - фурӯши ниҳолҳои ороишӣ, мевадиҳанда ва сояафкан, гулу гулбутта ва тухмии зироатҳои кишварзиро ҳамчун рамзи оғози барномаҳои нави ободониву созандагӣ, маҳз дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Сада доир намоем.

Раҷаббой Аҳмадзода дар фарҷоми суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки оғози корҳои нек дар рӯзи таҷлили Иди Сада моро ба самти муваффақиятҳои нав ба нав, ҷилваҳои нави ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи дастовардҳои нодири таърихӣ, таъмини зиндагонии шоистаи сокинони вилоят ва дар маҷмӯъ, сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ ва ҳидоят хоҳад намуд.

Мухтори АБДУЛЛО,
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh