Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Иди Сада

Тамоми мардуми шарафманди вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни суннатии мардуми тоҷик–Иди Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрўзҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, самимона таҳният гуфта, барояшон зиндагонии хушу хуррам, дастархони пур аз нозу неъмат ва ободию осоиши рўзгорро таманно менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар тўли асрҳо ваҳдати маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз нав эҳё гардиданд. Чунонки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона таъкид гардид, чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо - чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардида, соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат бо ишора ба арзишу аҳамияти фарҳанг ва суннатҳои неки гузаштагон дар тарбияи маънавию ахлоқии мардум барҳақ таъкид намудаанд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврўз, Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

Таҷлили бошукўҳи Иди Сада низ бо ин тадбирҳои муҳим, бахусус таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории Фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин эълон гардидани солҳои 2019–2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” пайванди қавӣ дорад, зеро дар таркиби ин ҷашни мубораки миллии мо мавҷуд будани навъҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ аз гузаштаи дури таърихӣ гувоҳӣ медиҳад.

Итминони комил дорам, ки Иди Сада дар соли равон ба хонадони ҳар як сокини вилоят фаровонию серию пурӣ ва файзу баракотро ба армуғон оварда, ҳамагонро ба татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкорона ҳидоят менамояд.

Фаро расидани ин ҷашни фархунда бароятон муборак бошад, ҳамдиёрони арҷманд!

Add comment


Security code
Refresh