Деваштич: Ошкори 21 ҳолати ғасби худсаронаи замин

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо новобаста аз назорати доимии мақомоти дахлдор, аз ҷумла кумитаҳои идораи замини шаҳру навоҳии вилоят дар самти истифодаи замин ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Худсарона ва ғайримақсаднок истифода бурдани замин аз тарафи бархе аз сокинон далели ин гуфтаҳост.

Маҳз, ба ҳамин хотир, роҳбарону нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо азму талош доранд, ки дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро дар самти истифодаи замин пурзӯр намоянд.

Бо фаъолияти кумитаи идораи замини ноҳияи Деваштич ошно гардида, бо муовини раиси он Асадхон Солиев суҳбат намудем.

- Оид ба қонуншиканӣ ва бобати пешгирии он дар соҳаи замин маълумот медодед.

- Соли 2018 аз тарафи кумита 21 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмон дар майдони беш аз 50 ҳазор мураббаъ метр ошкор ва барои додани баҳои ҳуқуқӣ ва оғози парвандаи ҷиноӣ ба прокуратураи ноҳия пешниҳод шуд.

Инчунин, аз тарафи кумита 195 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва нисбат ба ҳамаи онҳо қарорҳо оид ба оғози парванда ва ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима қабул гардид. Маблағи умумии ҷаримаҳои басташуда 100 ҳазор сомонӣ буда, аз он 89650 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита ворид шуд, ки 89,7 фоизро ташкил медиҳад.

- Оё дар ҳудуди ноҳия заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ба қайд гирифта шудааст?

- Бале, воқеан суоли ба маврид аст. Соли 2012 - ум 535 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монда буд ва он тариқи корҳои фаҳмондадиҳӣ давра ба давра то охири соли 2018 ба 131 гектар расонида шуд, ки 67,7 гектари он дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Яхтан ва Далёни Боло воқеъ мебошад. Дар ин заминҳо зеристгоҳ ва хатҳои барқии баландшиддати 500 кВт ҷой гирифтаанд.

Боқимонда 63,3 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ 3 гектар замини фонди махсуси ноҳия ва 60,3 гектар замини захираи давлатии марзи маъмурии шаҳри Истаравшан, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи муҳлатнок то соли 2024 ба ноҳияи Деваштич вобаста шудааст, мебошад.

Аз тарафи Кумитаи идораи замини ноҳия бобати вобаста намудани заминҳои мазкур бо истифодабарандагон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар асоси пешниҳоди кумита ба ду қарори раиси ноҳия тағйирот ворид ва ҳамзамон, ба 8 нафар раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастур оид ба назорати истифода ва ҳифзи замин дода шуд.

 Ба 82 нафар шаҳрванд, ки бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд, огоҳинома дода шуд, то ки сохтмонро оғоз намоянд.

Ҳолати мелиоративии зиёда аз 437 гектар замин беҳтар гардида, тибқи қарори раиси ноҳия 161,46 гектар замини лалмӣ ва 11,70 гектар чарогоҳ ба заминҳои корами обӣ, як гектар чарогоҳ ба як гектар боғ, 2,58 гектар чарогоҳ ва 259,64 гектар замини боир ба заминҳои корами лалмӣ гузаронида шуд.

- Ба кумита дар соли сипарӣ чанд мактубу аризаҳо ворид гардиданд?

- Мутахассисони кумита дар даври ҳисоботӣ 4145 адад, аз он ҷумла 3484 аризаи шикоятии шаҳрвандон ва 661 мактуби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту корхонаҳоро қабул ва 4094 адади онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷавобҳои мушаххас гардониданд.

Умуман, кумитаи идораи замини ноҳия баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба замин, барои бо сифати баланд гузаронидани кишти зироатҳо, боз ҳам беҳтару хубтар иҷро намудани нақшаи корӣ, дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулияти бештар фаъолиятро ба роҳ мемонанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh