Беш аз​ 1 миллион дона ниҳол ва гулҳои гуногун ба ярмарка-фурӯши ниҳолҳо ва кӯчату тухмии гулҳо бароварда шуд

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 23 феврали соли 2019 дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ баргузор гардид.

 

Ярмарка-фурӯши ниҳолҳо бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд. Дар ярмаркаи мазкур шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварону сокинон намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ шинос гардида, аз растаҳои гуногуни ниҳолу гулҳо дидан намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh