Иштироки Раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов

Рӯзи якшанбеи 24 феврал дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ иштирок намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои мавзеъи Рухаки ҷамоати мазкур бунёди боғҳои нав ба нақша гирифта шудааст.

Бо ибтикори роҳбарияти вилоят системаи обёрии заминҳои мавзеи Рухак барқарор гардида, ташкили боғҳои нав ва барқарорсозии боғу токзори мавҷуда муташаккилона ҷараён дорад. Тибқи иттилои Илҳом Аҳмадзода – сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз оғози сол то имрӯз аз ҷониби хоҷагидорон дар масоҳати 3,8 гектар боғоти нави зардолуву шафтолу бунёд гардида, 5 гектар токзор барқарор карда шуд. Бо беҳтар шудани ҳолати обёрии заминҳои мавзеъ аз тарафи истифодабарандагони замин ҳамзамон кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ сокинони ҷамоат ва истифодабарандагони заминҳои мавзеи Рухак фаъолона иштирок намуда, беш аз 600 бех ниҳолҳои зардолу ва олу шинонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh