Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзун гардидааст

Бо иштироки роҳбарони чор сохтори вилоятӣ - Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати ҳифзи муҳити зист, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи замин ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Сараввал сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2018 ҳисобот дода зикр намуд, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот наздик ба 8,1 милиард сомонӣ расид, ки он нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 105,2 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Раёсати Хадамоти гумрук ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 январи соли равон наздик 70 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 25,5 миллион доллар зиёд аст.

Ҳамчунин, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур Нӯъмонзода қайд намуд, ки соли гузашта барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар 530 иншоот санҷиш гузаронида шуд.

Раёсат барои ташкили парваришгоҳҳои мурғи даштӣ, моҳӣ, бунёди инфрасохторҳои лозимӣ ва дидбонгоҳи экологӣ дар масоҳати 5 гектар аз ҳисоби заминҳои дарёи Сир корҳои сохтмониро оғоз намуда, ба истифода додани онҳо то иди байналмилалии Наврӯз пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани назорати давлатӣ, пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири манфӣ ба муҳити зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шуд.

Инчунин, раиси Кумитаи идораи замин Ҷамшед Умаров ва сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ Тоҳир Қудратзода низ ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Рушана ШОМАТОВА,
таҷрибаомӯзи
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh