Кишоварзони вилояти Суғд дар 1395 гектар картошкаи барвақтӣ кишт намуданд

Имрӯзҳо дар навоҳии вилояти Суғд кишти картошкаи барвақтӣ ҷараён дошта, то имрӯз нақшаи кишт дар вилоят 93 дарсад иҷро шудааст.

Тибқи маълумоти фаврии бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят деҳқонони вилоят дар 1395 гектар картошкаи барвақтӣ кишт кардаанд. Шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов нақшаи киштро пурраву барзиёд иҷро намудаанд. Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод бошад кишти картошкаи барвақтӣ дар арафаи анҷомёбист.

Ёдовар бояд шуд, ки нақшаи кишти картошкаи барвақтӣ дар вилоят 1500 гектар муқаррар гардидааст, ки нисбати соли гузашта 250 гектар зиёд мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh